Интернатсионалистони парешон, муттаҳид шавед!
Тавре маълум, ҳамасола 15 феврал ҳамчун Рӯзи баровардани нерӯҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистонро тамоми кишварҳои узви ИДМ ботантана ҷашн мегиранд. Воқеан ҳам ин сана барои ҳар нафаре, ки замоне бо амри тақдиру супориши Кремл қарзи интернатсионалистии худро дар Афғонистон адо карда буд, санаи муҳимму хотирмон аст. Аксари ҷавонони тоҷик ҳамчун аскару афсар дар ҳайати нерӯҳои собиқ Шӯравӣ дар ин сарзамин муқобили хасму разм ҷангида, теъдоде ҳалок ва зумраи дигар бо тану бадани афгору захмин ба Ватан баргаштанд.
То чанд муддату муҳлат, собиқадорони ҷанги Афғон дар маҳфилу чорабиниҳои ватанӣ гули сари сабад ва аз имтиёзҳои муқарраркардаи давлат қариб, ки пурра бархурдорбуданд. Саҳму нақши собиқадорон дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан таъсиргузор буд. Ҳарчанд имрӯз ҳам бо иқдоми баъзе аз собиқадорони ҷанги Афғон анъанаи мазкур гаҳу ногаҳ рӯи кор меояд, аммо он комил нест ва он гоҳҳо танҳо барои адои расмият доир мегардаду бас. Зеро он нерӯи чандҳазораи собиқадорони ҷанги Афғон имрӯз парешону парокандаандва мутаассифона меҳваре арзи ҳастӣ надорад, ки собиқадоронро ба ҳам муттаҳид созад.
Бале, маҳз камтаваҷҷуҳии Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ нисбат ба собиқадорони ҷанги Афғон аст, ки аз ҷумлаи собиқадорон ҷавонмардони кордону уҳдабаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо”-ро асос карда, созмону ташкилотҳои ветеранӣ таъсис додаанд ва бо ин васила, то қадри имкону тавон дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иқтимоиву маишии собиқ сарбозони интернатсионалист саҳми худ мегузоранд. Ҳарчанд теъдоде аз манфиатҷӯ таъсису рӯйи кор овардани ташкилотҳои ҷамъиятиро ба хотири манфиатбинӣ роҳандозӣ кардаанд, аммо шукрона, ки ҷавонмардони асили миллат низ арзи ҳастӣ доранд, ки мақсаду ҳадафи худро ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва татбиқу амалигардонии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ кардаанд.
Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон”, ки сарварии онро ҷавонмарди кордону уҳдабаро, мунису дилсузи собиқадорони ҷанг полковники мустаъфӣ Ҳикматулло Мирзоев ба уҳда дорад, 225 нафар аз маъюбони ҷанги Афғонистонро гирди худ ҷамъ овардааст. Дар Ташкилоти мазкур беҳтарин ҷавонмардон ҷамъ гардидаанд, ки бидуни ҳар гуна манфиатбинӣ омодаанд дар мушкилтарин лаҳзаҳо аз ҳар порахоки ин диёр бо қимати ҷон ҳам бошад, дифоъ кунанд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори хуруҷи неруҳои Шуравӣ аз қаламрави Афғонистон дар қароргоҳи Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” доир гардид, Раиси Ташкилоти мазкур Ҳикматулло Мирзоев бори дигар иброз дошт, ки “Пароканда лашкар наояд ба кор ва танҳо иттиҳоду зери як парчам муттаҳид гаштан моро муваффақу пирӯз мегардонад. Ҳарчанд Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист ҳар гуна даъвати моро намепазирад ва аз ширкат дар чорабиниҳои мо худдорӣ мекунанд, ҳеҷ боке нест, мо ба суроғи онҳо меравем ва бо зориву зуриву зар бо ҳам муттаҳид мешавем”. Дар навбати худ Ҳ.Мирзоев аз ҳар узви Ташкилоту дигар аз сарбозони интернатсионалист даъват намуд, то бидуни ҳар гуна ғаразҷӯӣ ба ҳам муттаҳид шаванд ва дар рушди кишвар саҳми худро гузоранд.
Воқеан ҳам, чаро Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ, ки мебояд меҳвари муттаҳидсозандаи собиқ сарбозони интернатсионалист бошад, худро аз ҳар гуна иқдомгузориҳову ташаббускориҳо канор мегирад? Ростӣ, ки чунин мавқеъгирию амалкарди Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалсти ҷумҳурӣ, аксар аз собиқадорони ҷангро руҳафтодаву дилозор кардааст. Чунин руҳафтодагиро аксар аз меҳмонону узви Ташкилот зимни суханронии хеш бо дарду андуҳ ва ҳиссиёту ҳаяҷон иброз доштанд. Атрофи дарду доғи собиқадорону бетаваҷҷуҳии Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ,собиқ афсарони интернатсионалист – генерал-майори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, узви Раёсати Ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони ҷанг дар Афғонистон” Аҳтамшо Саидшарипов, вакили Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода, Аслиддин Назарзода ва даҳҳо нафар аз маъюбони ҷанги Афғонистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист дар баргузории ҳар гуна ҷашну чорабиниҳо дар ҳамдастиву ҳамовозӣ бо онҳо ҳеҷ гуна иқдомеро пеш намегирад. Дар ҳоле, ки ин ниҳоди ҷумҳуриявӣ дар доираи барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ имкону тавоне дорад, ки ҳар гуна чорабиниҳои муҳимро дар сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ доир сохта, дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии сарбозони интернатсионалист қадре ҳам бошад саҳмгузор бошад. Ҷиҳати пешбурди ҳар гуна корҳои хайру самаровар бовар аст, ки Кумитаи мазкур ҳам маблағ дораду ҳам нерӯи кориву зеҳнӣ. Ва ҳар собиқ сарбози интернатсионалист ҳозир аст, то аз ҳар гуна иқдомгузориҳои Кумита пуштибонӣ намояд ваҳар дастуру супориши Кумитаро сари вақт амалӣ созанд. Аммо… чӣ гӯем, ки нагуфтанамон беҳтар аст, зеро тӯли 30 сол аст, ки ҳар собиқ сарбози интернатсионалист дар орзуи сарҷамъиву муттаҳидианд.
Воқеан ҳам ҳар гоҳе дар баргузории ҷашну маъракаҳо ба ифтихори Рӯзи Артиш ва ё ҷашни Ғалаба дар пойтахт афсарону сарбозони интернатсионалист ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷамъ меоянд, бараъло намудор аст, ки ҷудоӣ миёни собиқадорон ҳадди ниҳоиро убур кардааст. Зеро гуруҳе агар субҳи барвақт таҷаммуъ гарданд, дигарон нисфирӯзӣ ҷамъ меоянд. Вой бар ҳоламон!
Фикр мекунем ҳар гуна худхоҳию худпарастиҳо ба нафъи кор нест ва чизи дигар он аст, ки ниҳоди сарбозони интернатсионалист моли хусусии касе нест, балки даргоҳест ки бояд дару девораш ба рӯи ҳар собиқадори захмбардилу муҳтоҷ ҳамеша бозу кушода бошад. Он ҳама худпарастиҳову мушт бар сина заданҳо, ки “ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарбия мекунем”, ҷуз хок пош додан бар чашми худ ва атрофиён, дигар чизе нест. Аз чунин нотифоқию парешонии мо,ҳеҷ гоҳ наврасону ҷавонон сабақи созанда намегиранд!
Ваҳдатофаринию инсондӯстӣ ва садоқат доштан ба миллату Ватанро мебояд аз фаъолияти сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхт. Сарвари давлат миллати замоне парешону бесарварро роҳбар гашту роҳбалад ва дар андак муддат тавонист давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парешонӣ нигаҳ дорад. Аммо мо чӣ? Андак иқдому масъулият пеш гирем, зуд ба сӯи ҳамдигар сангпартоӣ ва аз ҳамдигар душмантарошӣ мекунем. Ғофил аз он, ки он ҳама амалҳои олуда бо ғаразамон дар мадди аввал зарбае мегардад бар тану ҷони худи мо.
Ҳар гоҳе шикваю шикояти сарбозони интернатсионалист роҷеъ ба парокандагиву гирди ҳам намомадани онҳо мешунавем, як суолдард моро бештар азият медиҳад: Чаро Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ намехоҳад ва ё наметавонад ҳамаро гирди як меҳвар ҷамъ орад, дар ҳоле, ки ҳар собиқадори ҷанги Афғон ташнаи баҳамоӣ ва иштироки дастаҷамъона дар чорабиниҳоро дар дил мепарваранд. Билохира, чаро ин ниҳод ҷиҳати баробар кардани имтиёзоти собиқадорони ҷанги Афғонистон бо иштирокдорони ҶБВ ҷаҳду талош намеварзад? Ва садҳо суолҳои дигар, ки посух металабанд…
Фикр мекунем, ки вақти он расидааст, ки бар рағми он ҳама курдилҳову тангназароне, ки гаҳу ногаҳ бо санги кибру ғурур мехоҳанд сари афгору захмини моро дубора хуншор созанд, бо амалкарди инсондӯстонаву иқдомофар ва созандаи худ посух гӯем. Бо эҳсосот сангпартоӣ ба ҳамдигару айбу гуноҳи хеш кофтан, наметавонад ҳалли мушкилот гардад. Аз чунин нотифоқию бесаранҷомии мо бадхоҳони миллат сӯиистифода мекунанд ва рӯйи роҳамон чоҳ мекобанд. Аммо ин теъдод ғофил аз онанд, ки “Ҳар кӣ рӯйи раҳи дигарон чоҳ мекобад, ногузир худ рӯзе не рӯзе ба ин чоҳи кандааш сарозер мешавад”! Инро мо нагуфтаем, балки пирони рӯзгор аз таҷрибаи талхи андуӯтаашон ҳосил кардаанд.
Ва дар анҷоми гуфтор: Бародарони ҳамсангар, биёед бо ҳам муттаҳид шавем, аз сиёсати Президенти маҳбуб пуштибонӣ намоем ва он гаҳ дар иттиҳоду ҳамдастиву ҳамбастагӣ миёни моро касе хам нахоҳад кард.
А.Салимов,
М.Идиев,
собиқ афсарони интернатсионалист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ