“Интернет барои хона” бо қоидаҳои шумо

Тарофаҳо барои истифодабарандагони интернети ноқилӣ аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёдтар шуданд. Акнун сокинони Душанбе имкон доранд, ки боз ду тарофаро аз силсилаи “Барои хона” – аз ҳама босуръат ва аз ҳама дастрасро аз ҷиҳати нарх пайваст намоянд. Ин озодии интихоби мизоҷонро васеъ менамояд.

Ба муштариёни нав – бо нархи 77 сомонӣ

Тарофаи “Барои Хона 2” барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки бори аввал мизоҷи оператор мешаванд. Рақамҳо дар номҳо суръати истифодаи манбаъҳои берунии интернетро ифода мекунанд, ки берун аз ҳудуди домении tj қарор доранд. Мутаносибан, дар тарофаи “Барои Хона 2” ин нишондиҳанда 2 Мбит/c-ро ташкил медиҳад. Лекин дар бисёр ҳолатҳо суръат ниҳоят баланд мешавад. Ҳамин тавр, барои шабакаҳои иҷтимоии Instagram, Facebook, VK, OK, YouTube ва TikTok суръат 5 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Манбаъҳои дохилӣ бо домени tj бошанд, бо суръати 100 Мбит/с кор мекунанд. Чунин мафҳум, ба монанди белимити шабона низ мавҷуд аст, яъне аз соати 00:00 то 06:59 дастрасии бемаҳдуд ба интернет пешниҳод карда мешавад. Суръати он ба 5 Мбит/c баробар аст.

Интернети хонагиро мизоҷи нав метавонад бо нархи 77 сомонӣ дар як моҳ озмоиш намояд. Дар силсилаи мазкур ин пардохти абонентии камтарин мебошад. Баъди озмоиш кардани дастрасии ноқилӣ аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” минбаъд истифодабаранда худ шартҳои онро таҳлилу баҳогузорӣ карда, дар хусуси он, ки ба тарофаи дигар гузарад ё не, ба қарори ягона меояд.

Аз ҳама босуръат

Айни замон тарофаи “Барои Хона 20” амал мекунад, ки он дуюмин моли нави оператор маҳсуб ёфта, арзиши он 370 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Бо тарофаи мазкур дастрасӣ ба манбаъҳои берунӣ бо суръати 20 Мбит/c сурат гирифта, суръати дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ба 30 Мбит/с баробар аст. Суръати интернет барои белимити шабона 50 Мбит/с ва манбаъҳои дохилӣ 100 Мбит/с-ро ташкил медиҳад. Тарофаи аз ҳама босуръатро ҳамаи хоҳишмандон, ҳам муштариёни нав ва ҳам муштариёни амалкунанда пайваст карда метавонанд.

Дар маҷмӯъ, айни замон нӯҳ варианти хизматрасонии “Интернет барои хона”, аз ҷумла тарофаҳои муфиди солона амал мекунанд. Маблағи онҳоро метавон якбора ё ба насия пардохт намуд. Лекин ба ҳар сурат нархи онҳо аз нархи тарофаҳо бо пардохти ҳармоҳаи абонентӣ камтар хоҳад буд. Масалан, агар арзиши тарофаи “Барои Хона 10” 280 сомониро дар як моҳ ташкил диҳад, тарофаи “Солона Барои Хона 10” бо ҳамон суръатҳои интернет 2 200 сомонӣ арзиш хоҳад дошт. Ҳамин тариқ, тарофа бо пардохти солона имкон медиҳад, ки 1 160 сомонӣ маблағ сарфа карда шавад.    

Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи хизматрасонии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пайдо намоед. Тарофаро бо нарх ва суръати дастрасие интихоб намоед, ки маҳз барои Шумо мувофиқанд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *