«Интернет барои хона» боз дар 6000 манзили истиқоматии Душанбе дастрас гардид
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» васеъкунии фарогирии интернетро барои хона дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Имконияти пайвасткунии хизматрасонӣ дар даҳҳо хонаҳои маҳаллаҳои №15, Зарафшон 2 ва Испечак 1 пайдо шудааст.
Интернети ноқилии боэътимод ва баландсуръат барои кор, таҳсил, фароғат ва дастраскунии иттилоот зарур аст. Бинобар талаботи рӯзафзун, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ин хизматрасониро дар маҳаллаҳои нави пойтахт дастрас менамояд. Сокинони беш аз 6 000 манзили истиқоматии се маҳаллаи Душанбе акнун метавонанд аз имконияти техникӣ барои пайвасткунии “Интернет барои хона” баҳравар гарданд.
Интернети собит дар хона ҳам дастрастар ва ҳам муфидтар мегардад. Акнун метавонед тарофаи «Барои Хона 10 Мбит/с»-ро ду маротиба арзонтар, ҳамагӣ бо 140 сомонӣ дар як моҳ, пайваст кунед. Ин имконияти беҳтарин барои таъмини интернет ба ҳамаи аъзоёни оила мебошад.
«Бо арзон кардани арзиши яке аз тарофаҳои суръатнок дар силсилаи «Барои Хона», мо ба мизоҷон имконият медиҳем, ки сифати хизматрасониро баҳо дода, амалҳои зиёдеро, аз қабили муошират тариқи почтаи электронӣ то тамошои филмҳо дар Smart TV, анҷом диҳанд. Сокинони шаҳри Душанбе бо истифода аз интернети хонагии худ дар дастгоҳҳои гуногун ва бо нархҳои муфид метавонанд мушкилоти интихоби провайдери ноқилиро фаромӯш кунанд» – мегӯяд директори Департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
Маълумоти пурра оид ба тарофаҳо ва шартҳои пайвасткунии хизматрасонӣ дар сомонаи оператор ё бо рақами 4747.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ