“Интернет барои хона” боз дар се маҳаллаи пойтахт пайдо шуд

Сокинони маҳаллаҳои №84, Зарафшон-1 ва Испечак-2 шаҳри Душанбе акнун имкон доранд, ки “Интернет барои хона”-ро аз аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ пайваст намоянд. Хизматрасонӣ ба сокинони боз зиёда аз 9 000 манзилҳои истиқоматии пойтахт дастрас гардид.

Барои истифодаи интернети хонагӣ дар заминаи технологияҳои GPON кофист, ки ба телефони 4747 занг зада, дархост гузоред. Мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хизматрасониро дар давоми шабонарӯз пайваст хоҳанд кард.

Тарофаро метавон дар сомонаи оператор интихоб намуд. Ба Муштариён ҳам вариантҳо бо пардохти моҳона ва ҳам вариантҳои дигар бо пардохти нисбатан муфиди солона пешниҳод карда мешаванд. Масалан, “Солона барои хона 2” 550 сомонӣ арзиш дорад. Маблағи сарфашаванда дар муқоиса бо пардохти моҳона вобаста ба тарофа 374 сомонӣ ва зиёдтар маблағро ташкил медиҳад. Муштариён метавонанд тарофаҳою хизматрасониҳои худро мустақилона тариқи замимаи мобилии “МегаФон Life” идора намоянд.

“Мо ба нақша гирифтаем, ки “Интернет барои хона”-ро дар тамоми ҳудуди Душанбе паҳн намоем. Дар баробари ин, мо на танҳо хизматрасониро дар маҳаллаҳои нав дастрас мегардонем, балки инчунин сифати интернети ноқилиро дар ҷойҳое, ки он аллакай вуҷуд дошт, такмил медиҳем. Ҳамин тавр, мо дар маҳаллаи Гипрозем муосиркунонии шабакаро ба амал бароварда, технологияҳои пайвасткуниро аз FTTB ба GPON тағйир додем. Акнун интернет-пайвастагӣ аз мушкилоти эҳтимолӣ бо нерӯи барқи берунӣ вобастагӣ надорад. Хабарҳоро пайгирӣ карда, пайдо шудани “Интернет барои хона”-и устувору босуръатро дар кӯчаи худ мунтазир шавед!” – мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *