Интернети 5G дар Тоҷикистон. Оғози ҳамкории Хадамоти алоқа бо ширкати чинӣ
Дар Тоҷикистон интернет 5G мешавад. Вобаста ба ин байни Хадамоти алоқаи кишвар ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” меморандум ба имзо расид.
Санадро Бег Сабур, сардори ин ниҳод ва Ма Тян, директори генералии Ширкати “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи муқаррароти ин меморандум ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ