Интернети боз ҳам бештар: оператори “Анор” тарофаҳоро такмил дод

Оператори инноватсионии мобилии “Анор” силсилаи навкардашудаи тарофаҳои “Диёр”-ро ба кор даровард. Акнун ба муштариён ҳаҷми бештари интернет дастрас аст, илова бар ин бастаи махсуси трафик барои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои маъруф пешбинӣ гардидааст.

Тарофаи калонтарин аз ҷиҳати таркиб – “Диёр 55” буда, барои муштариёни фаъоле ташкил карда шудааст, ки зиёд тариқи телефон муошират карда, ҳаррӯза интернетро истифода мебаранд. Ба пардохти абонентии иборат аз 55 сомонӣ 14 000 Мб трафик, ки аз он 6 000 Мб барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои WhatsApp, Telegram, Imo, «ВКонтакте», Instagram, Facebook ва Odnoklassniki ҷудо гардидааст, ва инчунин интернети белимити шабона аз соати 00:00 то 06:59 дохил карда шудаанд. Барои даъватҳои овозӣ 1 000 дақиқа ба самтҳои дигари Тоҷикистон ва зангҳои ройгон дар дохили шабака пешниҳод карда мешаванд. 

Тарофаи “Диёр 45” аз 12 000 Мегабайт иборат буда, 6 000 Мб аз ин ҳисоб барои шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, дар баробари ин, интернети белимити шабона ва 500 дақиқаи зангҳо ба шабакаҳои дигар низ фаъол мебошанд. Даъватҳои овозӣ дар дохили шабакаи “Анор” комилан ройгонанд.

Арзиши тарофаи “Диёр 35”, тавре аз номаш бармеояд, 35 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Вариант барои муштариёни сарфакор аз зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 400 дақиқа ба самтҳои дигар ва 8 000 Мб трафик, ки 4 000 он барои истифодаи паёмрасонҳои  WhatsApp, Telegram ва Imo пешбинӣ гардидааст, иборат мебошад.

Ба тарофаҳои “Диёр 35”, “Диёр 45” ва “Диёр 55” инчунин 50 СМС ҳамроҳ карда шудааст, ки онҳоро метавон дар дохили Тоҷикистон истифода намуд.

“Анор” инчунин табъу завқ ва хоҳиши он муштариёнеро ба назар гирифт, ки танҳо аз алоқаи овозӣ истифода менамоянд. Барои онҳо махсусан тарофаи “Диёр 15” ташкил карда шудааст, ки дар он зангҳо дар дохили шабака ройгон буда, барои самтҳои дигар 300 дақиқа пешниҳод карда мешавад. Дар ин тарофа интернет мавҷуд нест, лекин ҳангоми зарурат метавон бастаҳои иловагиро бо нархи 7 сомонӣ барои 1 000 Мб пайваст намуд. Пардохти абонентии тарофа – 15 сомонӣ дар як моҳ.

Маълумоти пурра дар бораи тарофаҳо – дар сомонаи оператори мобилӣ.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *