Интернети мобилӣ дар ҳаҷми ду маротиба бештар дастрас мешавад
Ду маротиба бештар трафики интернетро муштариёни нав ва амалкунандаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо пайвастшавӣ ба тарофаи “Биё! Бисоз Life” бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ва зиёдтар метавонанд ба даст оранд. Дастрас кардани “ҳаҷми дукарата”-и интернет дар давоми 6 моҳ имконпазир мебошад.
Солҳои 2025-2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон гардидаанд. Бо дастгирии ин ташаббус МегаФон Тоҷикистон ба муштариёни худ имконияти ба даст овардани трафики ду маротиба зиёдкардашудаи интернетро бе тағйирдиҳии нархи тарофа пешниҳод намуд.
Ҳамаи истифодабарандагони “Биё! Бисоз Life” – тарофаи нодире, ки дар доираи он метавон мустақилона бастаи хизматрасониҳои алоқаи худро сохт, метавонанд иштирокчии иқдом гарданд. Ба Муштариён барои интихоб аз 50 то 500 дақиқа зангҳо дар дохили кишвар ва аз 10 то 150 Гб трафики интернет дастрас мебошанд, инчунин метавон миқдори зарурии SMS-ҳоро дар ҶТ интихоб намуд. Ба тарофа ба таври лбонус зангҳои бемаҳдуди овозӣ дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ва интернети белимити шабона дохил карда шудаанд.
Барои Муштариён идоракунии трафик дар замимаи мобилии “МегаФон Life” тавассути калкулятори васлшудаи тарофавӣ қулайтар аст. Зарур меояд, ки дар саҳифаи асосӣ вориди қисми “Тарофаи ман” шуда, сипас “Дастрас”-ро интихоб карда, “Сохтани тарофа”-ро пахш намоед. Маҳз дар ҳамин қисм муштарӣ метавонад мустақилона миқдори SMS, дақиқаҳо барои муоширати овозӣ ва ҳаҷми гигабайтҳоро қайд кунад. Нархи умумии тарофа дар сатри поёнӣ инъикос меёбад. Баъди интихоби ҳаҷмҳои зарурии хизматрасониҳо кофист, ки тугмаи “Пайвасткунӣ”-ро пахш кунед.
Агар нархи тарофаи пайвастшуда аз 100 сомонӣ зиёд барояд, муштарӣ ба таври автоматӣ иштирокчии иқдом гардида, +100% трафикро илова ба трафики асосии худ ба даст меорад. Масалан, агар истифодабаранда 45 Гб интернетро интихоб кунад, 45 Гб-и дигарро ӯ ҳангоми хизматрасонӣ дар доираи тарофа ба сифати бонус ба даст меорад. Иштирок дар иқдом танҳо як маротиба имконпазир аст. Агар қаблан муштарӣ аллакай имконияти ду маротиба зиёд кардани трафикро истифода карда бошад, пайвастшавии автоматӣ ба иқдом сурат намегирад.
Мизоҷони нав имкон доранд, ки дар иқдом тавассути интихоби тарофа бо нархи мувофиқ ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар толорҳои алоқа ё мағозаи интернетии Ширкат иштирок намоянд.
“Трафики ду маротиба зиёдкардашуда – имкониятҳои ниҳоят сершумори иловагӣ барои истифодабарандагони хизматрасониҳои рақамӣ ба ҳисоб меравад. Метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар муошират карда, ба таври онлайн вазифаҳои кориро ҳал кард, маблағҳои худро тариқи смартфон идора намуд ва дар баробари ин бе маҳдудият наворҳои видеоиро тамошо кард. Ин аллакай сабки дигари ҳаёт аст. Бо баландбардории дастрасии интернети мобилӣ мо дар таърихи саноати телекоммуникатсионии Тоҷикистон саҳифаи навро боз мекунем”, — қайд намуд Анатолий Анатолевич, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Муҳлати амали трафики бонусӣ ба муҳлати амали тарофаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар санаи минбаъдаи гирифта шудани пардохт 5 март бошад, трафики ба муштарӣ туҳфашуда маҳз то ҳамин сана амал мекунад. Ҳаҷми ду баробар зиёдкардашудаи интернет дар давоми 6 давраи пардохтӣ, яъне ним сол пешниҳод мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки тарофаи “Биё! Бисоз Life”-ро қатъ накунед ва ба бастаҳои дорои арзиши камтар нагузаред. Ҳангоми ворид нашудани пардохт дар давоми 72 соат аз лаҳзаи ба поён расидани муҳлати амали тарофа трафики иловагии бонусӣ қатъ карда мешавад.
Он варианти тарофаеро интихоб намоед, ки имкониятҳои бешуморро барои муошират фароҳам меорад ва ду маротиба бештар интернетро ба даст оред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ