“Интернети зарарнок” ё чӣ тавр Хадамот “ғам”-и мардумро мехӯрад?
Акнун аз моҳи апрел нархи миёнаи интернет дар Тоҷикистон 6,6 долларро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нарх дар рейтинги мазкур мақоми Тоҷикистон то зинаи 138-ум поин рафта, баъди Венгрия (6,57 доллар) ва Британия (6,66 доллар) ҷойгир мешавад.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба операторони мобилӣ дастур додааст, ки нархи 1 Мб Интернетро на камтар аз 5 дирам ва як дақиқаи зангҳои байналмилалӣ-NGN –ро на камтар аз 1 сомонӣ бидуни назардошти андозҳо ба фурӯш бароранд. Фармони мазкур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” 4 марти соли 2019 ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад.
Ман мухолифам
Ин дастурро Хадамот чунин шарҳ додаст: “Бо мақсади таъмини суръат дар сатҳи зарурӣ аз ҷониби операторони мобилӣ, нархи 1 мегабайти интернет на камтар аз 0,05 сомонӣ (бе назардошти андозҳои ғайримустақим) муқаррар карда шавад”.
То ин дам истифодабарандагон аз суръати пасти интернет ва нархи гарони он борҳо шикоят намуда буданд. Ин масъала ҳатто дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миён гузошта шуда буд. Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамот бо ҳайати кории худ посух дода, масъалаи мушкили техникиро пеш оварда буд. Ӯ ба саволи он, ки чаро дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон интернет чандин маротиба арзон, аммо дар мо гарон аст? Посух ӯ чунин буд, ки: «нархи сӯзишворӣ дар Бишкек бинед чӣ қадар асту дар мо чӣ қадар? Ман наменолам- ку».
Хабари гарон шудани арзиши интернети мобилӣ дар Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук мавҷи интиқодҳоро ба бор овард. Дар натиҷа, бештари корбарон бо хештеги «Я_ против» , (Ман мухолифам) зидди ин иқдом буданашонро ифода кардаанд.
«Бо назардошти сифати интернет, ман зидди болоравии арзиши он мебошам. Ҳоло суръати интернет хеле суст аст, дар ҳоле ки арзон нест», — навиштааст яке аз корбарон.
Бештари корбарон гарон шудани арзиши интернетро «ғорати мардум» номиданд: «Магар масхара мекунанд? Ҳамагӣ 1200 сомонӣ маош мегириву аз ин 400 сомониашро ба барқ медиҳӣ, 100 сомониашро ба хизматрасонии коммуналӣ, 200 сомониро ба мактабу боғча, 100 сомониаш роҳкиро, 200 сомониашро ба кӯдакон сарф мекунӣ, боқимонда бо 100 сомонӣ чӣ кореро метавон анҷом дод? Имзои ҳуҷҷат ба шумо осон, азобро мардум мекашанд!», — интиқод мекунад ҷавоне.
«Интернет — падидаи иҷтимоӣ аст, ояндаи мост. Одамонро аз дастрасӣ ба иттилоот, дониш ва муошират маҳрум накунед. Хеле умед мекунам, ки интернет гарон намешавад», — навиштааст нафари дигаре.
Дар ин миён гарон шудани интернетро бо шарти хуб шудани суръати он, баъзеҳо тарафдорӣ ҳам намудаанд: «Ман гароншавии арзиши интернетро ҷонибдорӣ мекунам. Аммо бо як шарт, агар як дақиқа ҳам суръати суст шавад, ҳама пулҳои додаи маро бармегардонанд. Бояд чунин шартномаеро бо ширкатҳои мобилӣ баст».
Аҳолӣ аз интернет даст намекашад, аммо…
Рустам Қосимов, роҳбари Бунёди ҷамъиятии “Интернет” назари худро оид ба баланд шудани нархи интернет иброз намуда, гуфтааст, ки: «Азбаски аҳолии Тоҷикистон интихоби дигар надорад, онҳо ба таври комил аз интернет даст кашида наметавонанд, аммо истифодаи трафикро барои сарфа кардани маблағ коҳиш хоҳанд дод».
Ба гуфтаи Рустам Қосимов, новобаста аз норозигӣ аз тасмими мақомот аҳолии Тоҷикистон аз интернети мобилӣ даст намекашанд, чунки барои аксари мардум, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон, интернети мобилӣ ягона манбаи алоқа ва дастрасӣ ба хабарҳои тоза мебошад: «Интернет имрӯз ба монанди ғизо, об ва ғайра лозим аст. Ғайриимкон аст, ки мардум аз он комилан даст кашанд. Истифодаи интернети мобилӣ бо гуфтугӯи кӯтоҳ дар WhatsАpp ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегираду халос».
Аҷоиб дар он аст, ки дастури боло рафтани нархи алоқаи мобилӣ ва интернетро бо сабаби хуб шудани суръати интернет шарҳ дода шуда бошанд ҳам, масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон , ки худ ин дастурро додаанд, онро ба таври дигар ба хабарнигорон мефаҳмонанд. Раҷабалӣ Маҷидов, намояндаи Раёсати ҳимоят ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи сабабҳои боло бурдани нархи интернет гуфтааст, ки аксари мардум интернетро барои тамошои филмҳо истифода мебаранд ва ин ба саломатӣ зарар дорад. «Барои ҳамин, дар ниҳодҳои зидахл пешниҳод карда шуд, ки нархи интернет боло бурда шавад… Шумо бубинед, аксари мардум интернетро барои зарурат истифода намекунанд, балки барои тамошои филмҳо сарф мекунанд ва ин барои саломатӣ зараровар аст. Кормандони тиб мегӯянд аз 5 метр дур монда, истифода кунед. Дувум, баъди он, ки технологияи нав дар соҳаи алоқаи барқӣ ба мисли «Вайбер», «Телеграм», «Имо» ва ғайра, ки тавассути интернет амалӣ мешавад, мавриди истифодаи зиёди мардум қарор гирифт, гуфтугӯҳои овозӣ, яъне тариқи телефон кам гардид ва ин ба андозбандӣ таъсири манфӣ расонд. Барои ҳамин, дар ниҳодҳои зидахл пешниҳод карда шуд, ки нархи интернет боло бурда шавад».
Дастури шубҳаовар
Фаридун Шоинбеков, муовини директори Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ин дастурро ғайриинтизор хонда гуфтааст, ки ин амал, пеш аз ҳама, таъсири манфии худро бар истеъмолгарон мерасонад, ки пардохткунандаи асосӣ ба ҳисоб мераванд: «Қабули чунин дастур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ каме тааҷҷубовар ба назар мерасад, зеро ин хадамот мақоми ваколатдори ҳимоя аз ҳуқуқи истеъмолгарон буда, усулан афзалияти фаъолияташ бояд ба беҳбуди вазъи истеъмолгарон нигаронида шавад”, — иброз дошт Фаридун Шоинбеков.
Раҷабалӣ Маҳсиддинов мутахассиси Хадамоти зиддинҳисорӣ гуфтааст, ки ин амал баҳри беҳ намудани суръати интернет дар кишвар аст. Ӯ қайд намуд, ки минбаъд ширкатҳои мобилӣ ба афзоиши суръати интернет аз 512 Мб то ба 1024 Мб дар як сония уҳдадор мешаванд. Ҳамчунин, дар тамоми қаламрави кишвар операторони мобилӣ бояд алоқаи навъи 4G ва LTE-ро таъмин созанд.
Дар асоси маълумоти моҳи ноябри соли 2018, ки Worldwide mobile data pricing оид ба арзиши хизматгузории интиқоли маълумот хабар дода шудааст, бо назардошти 4,84 доллар нарх доштани як гигабайт интернет дар ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар зинаи 103-юм ҷой додаанд.
Байни кишварҳои узви ИДМ Қирғизистон зинаи дуюм (0,27 доллар), Қазоқистон мақоми сеюм (0,49 доллар), Украина – чорум (0,51 доллар) ва Русия ҷойи 14-ум (0,91 доллар барои 1 ГБ)-ро касб кардаанд.
“Туркманистон ягона кишвари ИДМ аст, ки интернеташ гаронтарин дар ҷаҳон буда, ба ҳисоби миёна 19,81 доллар барои 1 гигабайтро ташкил медиҳад”, — қайд мекунанд муаллифони гузориш.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб намуд, ки нархи 1 Мб Интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар кунанд. Айни замон агар як гигабайти интернет дар операторони Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дошта бошад, пас аз 27 март арзиши он бе назардошти андозҳои ғайримустақим на камтар аз 51 сомониро ташкил хоҳад дод. Бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 18% ва аксиз – 5% арзиши он на камтар аз 62 сомонӣ (6,6 доллар) мешавад.
Акнун аз моҳи апрел нархи миёнаи интернет дар Тоҷикистон 6,6 долларро ташкил хоҳад дод. Бо чунин нарх дар рейтинги мазкур мақоми Тоҷикистон то зинаи 138-ум поин рафта, баъди Венгрия (6,57 доллар) ва Британия (6,66 доллар) ҷойгир мешавад.
Саодат Розиқзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ