Интиқоди Фавзия Куфӣ аз Ӯзбекистон

Фавзия Куфӣ, яке аз чеҳраҳои фаъоли сиёсӣ дар Афғонистон аз давлати Ӯзбекистон ба хотири даъвати гуруҳи Толибон ба нишасти байналмилалии Тошканд интиқод кард.

“Кишварҳо барои масун нигаҳ доштани худ аз ифротгароӣ ба Толибон ришва медиҳанд»,- гуфт хонум Куфӣ.

Ӯ дар ёддоште, ки дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ҳушдор додааст, ки ҷалби ризояти кӯтоҳмуддати як нерӯи низомӣ бештар ба рушди ифротгароӣ дар минтақа кумак хоҳад кард».

Фавзия Куфӣ, ки дар гузашта дар ду давра узви маҷлиси намояндагон будааст, мегӯяд, даъват аз Толибон ба нишасти Тошканд ба мардуми Афғонистон кумак нахоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *