Интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик коҳиш ёфт
Дар се моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 359 миллион доллар фиристодаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ё 22 фоиз камтар мебошад.
Дар ин бора Бонки Марказии Русия хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои дигари минтақа низ коҳиш ёфтааст: ба Қирғизистон — 20,7 фоиз, ба Ӯзбекистон — 7,2 фоиз.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристода буданд, ки ба 33 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст.
Ёдрас мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ охири моҳи апрел дар гузорише коҳиши рекордии маблағҳои интиқолии муҳоҷиронро дар ҷаҳон пешбинӣ карда буд. Бино ба баҳогузории ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ, кам шудани маблағҳои интиқолӣ ба кам шудани маош ва корёбии муҳоҷирон рабт дорад, ки дар соли 2020, бист дарсадро дар бар мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ