Интиқоли маблағро аз Русия ба Тоҷикистон тавассути сайти Tcell бе комиссия амалӣ намоед!
Ширкати Tcell ва “Алиф” интиқоли онлайнии пулро аз тариқи сомонаи расмии Tcell бо 0% комиссия пешниҳод мекунанд: https://www.tcell.tj/alif-pay.php
Бо истифода аз ин хизматрасонӣ, аз ҳама кортҳои бонкии Русия (Visa /
MasterCard / MIR) ба Тоҷикистон ба корти “Корти миллӣ” –и
ҳамаи бонкҳо ва ё ҳамёни мобилии alif.mobi интиқоли
маблағ имконпазир аст.
Пули ирсолшуда дар муддати чанд сония ва бе ягон комиссия, бо қурби интиқолии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоби корт гузаронида мешавад. Ҳадди ниҳоии интиқоли яккаратаи маблағ 27.000 рублро ташкил медиҳад. Миқдори интиқол дар як рӯз маҳдуд намешавад.
Бартарияти аслии ин хизматрасонӣ – комилан ба сурати онлайн фаъолият кардани он
аст. Сервис шабонарӯз кор мекунад. Барои интиқоли пул лозим нест, ки ба
шӯъбаҳои бонк муроҷиат намуда, то пардохту ҳисобии он интизор шавед. Фақат
кофист ба сомонаи расмии Tcell ворид шавед ва чанд клик кунед, дар чанд лаҳза
маблағи ирсолнамудаи Шумо ба наздикону пайвандонатон мерасад.
___________________
Tcell — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ