Интиқоли пул тавассути Western Union шурӯъ шуд
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз оғози фаъолияти системаи пардохти Western Union дар ҳудуди кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои сомонаи БМТ, ин системаи пардохти Русия ба маркази протсессингии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон пайваста ва фаъолияташро дубора аз сар гирифтааст.
“Ҳамакнун шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, ки аз 23 декабри соли 2019 маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд”-омадааст дар хабари БМТ.
То имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо ду системаи пардохтҳо-«Юнистрим» и Contact фаъолият мекард.
Ҳамзамон, Бонки миллӣ аз сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, дар давоми ду рӯз- 24-25 декабр аз ташкилотҳои қарзии пулҳои худро, ки тавассути низоми “Золотая Корона” фиристода буданд, бозпас гиранд.
Низоми пардохтии “Золотая Корона” бо ирсоли мактуб аз 19 декабри соли 2019 ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки маблағҳои аз интиқолдиҳандагон дар хориҷи кишвар ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон дар дилхоҳ нуқтаҳои интиқоли маблағи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида истодааст.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон муштариён метавонанд дар интиқол ва дарёфти маблағҳо аз низомҳои пардохти “Контакт”, “Юнистрим” ё ба кортҳои пардохтӣ истифода кунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз 29 ноябр хабар дода буд, ки аз рӯзи 3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд.
Бино ба маълумоти БМТ, акнун тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ