Интиқоди вазири нақлиёт аз фаъолияти IRS

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ширкати IRS (Innovative Road Solutions)интиқод кардааст, ки ин ширкат ба мақомот ҳисоботро пешниҳод намекунад.

Бино ба гузориши рӯзномаи расмии «Нақлиёт», Худоёр Худоёрзода гуфтааст: «аз бемасъулияти кормандони IRS дар роҳи Душанбе-Хуҷанд танбашавӣ ба вуҷуд меояд ва мошинҳо то ду-се соат дар навбат меистанд».

Ба навиштаи нашрия, вазири нақлиёт на аз коргарони заҳматкаши ширкат, балки аз нуқтаҳои пулгирии ширкати IRS, ки бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, танқид кардааст.

«Обпартоҳо пур аз сангу хоканд. Хадамотро супориш медиҳам, ки оид ба ин масъала санҷиш гузаронад, намояндагонашон мегӯянд, кормандони IRS онҳоро кор кардан намемонанд. Магар ин роҳи Тоҷикистон нест? Охир, ҷавобгӯйи ҳамаи роҳҳои кишвар Вазорати нақлиёт аст. Каму кости роҳҳоро аз мо мепурсанд» — гуфтааст Худоёр Худоёрзода.

Вазири нақлиёт дастур додааст, ки барои ба тартиб даровардани нуқси техникии роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки дар ихтиёри ширкати IRS аст, «чораҳои муассир андешида шуда», ба роҳбари ширкат нома фиристанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *