Интихоботи ИМА бе ҳузури Байден баргузор мешавад?

Ҷо Байден, президенти ИМА эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард. Ӯ рӯзи 21-уми июл дар Х навишт, ки ин тасмимаш ба манфиати Ҳизби демократ ва мардуми Амрико аст.

Байден аз бозӣ берун шуд

Қаблан Ҷо Байдени 82-сола гуфта буд, ки дар интихобот ширкат мекунад ва Доналд Трампро шикаст хоҳад дод. Вале пас аз он, ки  Байден ва Трамп рӯзи 28-уми июн дар мунозираи телевизионӣ ширкат карданд, назари демократҳо ба Байден тағйир ёфт. Пас аз мунозира ҷонибдоронаш гуфтанд, ки ӯ дар баҳс бо Трамп аз худ заъф нишон дод ва бояд истеъфо диҳад. Ҳамчунин, чанд ҳафтаи ахир чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби демократ аз ӯ хоҳиш карданд, то аз ширкат дар интихобот даст кашад. Ҳатто президенти қаблии ИМА Барак Обама, ки намояндаи Ҳизби демократ аст, гуфт, Байден набояд дар сабқати интихоботӣ ширкат намояд.

Ҷо Байден гуфтааст, ки тасмими дар интихобот иштирок накарданашро рӯзҳои наздик шарҳ хоҳад дод. “Ман то охири муҳлати президентиам ба корам идома хоҳам дод”,- гуфтааст Ҷо Байден.

Гуфта мешавад, ки ба ҷойи Ҷо Байден муовини ӯ Камала Ҳарис номзад ба мақоми президентӣ шавад.

Камала Ҳарис президент мешавад?

Соли 2021 баъди ғалаба дар интихобот Ҷо Байден Камала Ҳарисро ба мақоми муовини президент баргузид. Ӯ аввалин зан дар таърихи Амрико буд, ки ба ин мақом расид. Ҳамчунин, аввалин зани сиёҳпӯст, ки волидонаш осиёӣ ҳастанд. Ҳарис он вақт гуфт: “Шояд ман аввалин зан дар ин мақом бошам, вале охирин нахоҳам буд, зеро ҳар духтараке, ки моро тамошо дорад, мебинад, ки инҷо кишвари имконот аст”.

Номи Камала Ҳарис давоми ду даҳаи охир дар ИМА матраҳ шуд. Камалаи 59-сола солҳои 2011-2017 Прокурори генералии Калифорния буд. Баъдан соли 2017 вакили аёлати Калифорния дар сенат, палатаи болоии Конгресси Амрико интихоб шуд. Ду сол баъд, довталаби мақоми раисиҷумҳур шуд ва аз Ҳизби демократ вориди рақобати интихоботӣ гардид. Вале баъдан аз рақобат даст кашид ва аз Байден тарафдорӣ кард. 

Камала Ҳарис дар мақоми муовини президент аввал машғули ҳалли буҳрони муҳоҷират шуд. Вале баъдан ба сиёсати хориҷии ИМА низ машғул шуда, ҳайати Амрикоро дар конфронси сулҳи Украина дар Швейтсария раҳбарӣ кард.

Танишҳои Камала бо Трамп

Камала Ҳарис яке аз рақибон ва мунтақидони Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ аст. Ҳангоми корзори интихоботӣ ва баъди он ҳам Доналд Трампро сахт танқид мекард. Ӯ дар интиқоди Трамп мегӯяд: “Касе, ки муҳоҷиронро бадном мекунад, касе, ки бегонаситезиро ривоҷ медиҳад, нафрат ва тарс бармеангезад, ҳеҷ гоҳ набояд ба микрофон ва муҳри президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст ёбад”.

Доналд Трамп ҳам ин гуфтаҳоро бепосух намонда, дар суханрониҳои ахираш Камала Ҳарисро як сотсиалисти чапгарои тундрав номидааст.

Ҳамчунин Трамп дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш Камала Ҳарисро ба масхара кашид: “Ҳамин ки мо Кохи Сафедро дубора ба даст меорем ва онро аз Ҷо ва Камалаи фасодзада мегирем… Оё шумо боре дидаед, ки чӣ тавр вай ханда мекунад, соқ нест»,- гуфт Трамп.

Ҳамчунин Доналд Трамп гуфтааст, ки Камала рақиби сахт нест ва ин имкон медиҳад, ки вай ба осонӣ раъйи мардуми Амрикоро ба даст орад.

Ёдовар мешавем, ки дар ИМА дар чор сол як бор интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва як нафар танҳо ду бор ҳақи иштирок дар маъракаи интихоботро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *