Интихоботи пеш аз муҳлат. Кӣ президенти Эрон мешавад?
Интихоботи президентии Эрон ба даври дуюм гузашт. 5-уми июл номзадҳо Масъуди Пизишкиён ва Саид Ҷалилӣ барои курсии президентӣ мубориза хоҳанд кард.
Интихоботи пеш аз муҳлат
Дар даври аввали интихобот, ки 28-уми июн баргузор шуд, чаҳор номзад иштирок доштанд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо раъйи лозимаро ба даст наовард.
Масъуд Пизишкиён, номзади ислоҳталабон бо беш аз 10,4 миллион раъй дар мақоми аввал қарор гирифт.
Саид Ҷалилӣ, ки дар даври дуюм бо Пизишкиён мубориза хоҳад бурд, бо каме бештар аз 9,4 миллион раъй мақоми дуюмро касб намуд.
Ду номзади дигар — Муҳаммад Боқири Қолибоф 3,4 миллион ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ бештар аз 206 ҳазор раъй ба даст оварданд.
Тибқи иттилои комиссияи интихоботии Эрон аз 62 миллион раъйдиҳанда ҳамагӣ дар интихобот беш аз 24,5 миллион нафар иштирок намудаанд, ки камтарин ҳузури мардум дар интихобот дар таърихи ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Саид Ҷалилӣ — номзади усулгаро
Саид Ҷалилии 58-сола зодаи Машҳад мебошад. Дар донишгоҳи Имом Содиқ дар Теҳрон таҳсил кардааст ва мадраки доктори улуми сиёсӣ дорад. Дар ҷанги Эрону Ироқ дар сафи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ хизмат кардааст. Дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раҳбарии олӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Эрон кор кардааст.
Ҷалилӣ алакай дар корзори интихоботӣ соҳибтаҷриба мебошад. Дар интихоботи президентии соли 2013 номзад буд ва бо дарёфти беш аз 4 миллион раъй пас аз раисиҷумҳури мунтахаб Ҳасани Рӯҳонӣ ва Муҳаммад Бағири Қолибоф дар ҷои сеюм қарор гирифт. Ҷалилӣ дар интихоботи соли 2021 низ муддаии курсии президентӣ буд, вале ба фоидаи Иброҳими Раисӣ номзадишаро бозпас гирифт.
Масъуди Пизишкиён — номзади ислоҳталаб
Пизишкиёни 70-сола дар Озарбойҷони Ғарбӣ таваллуд шудааст. Падараш озарӣ ва модараш курд буданд. Бинобар ин, забони туркӣ ва курдиро низ балад аст. Узви Ҷамъияти дӯстии Эрону Туркия мебошад.
Пизишкиён ҷарроҳи қалб аст. Охири солҳои 90-ум ба майдони сиёсӣ ворид шуд. Дар ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ вазири тандурустӣ буд. Феълан аз ҳавзаҳои Табрез ва Озаршаҳр дар Маҷлиси Эрон намоянда аст. Муддате муовини аввали раиси Маҷлис ҳам буд.
Пизишкиён дар интихоботи президентии соли 2013 сабти ном шуд, вале номзадии худро бозпас гирифт. Дар интихоботи соли 2021 кӯшиши ширкат кард, вале номзадии ӯ рад шуд.
Ҳамсари Пизишкиён, ки духтури амрози занона буд, соли 1993 дар як садамаи нақлиётӣ бо як фарзандаш вафот карданд. Пизишкиён дигар оиладор нашуд ва ду писару ду духтарашро танҳо ба воя расонид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ