Интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбекистон

Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 22 декабрро баргузоршуда эълом кард. Ба иттилои Комиссия, то соати 13 ба вақти Тошканд 42,3 дарсади сокинони ҳаққи раъй дар интихобот ширкат варзидаанд.

Барои баргузоршуда эълом кардани интихобот ширкати 33 дарсади сокинон ҳатмӣ аст.

Интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе нахустин интихоботест, ки дар даврони президентии Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.

Дар интихобот панҷ ҳизб: «Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон», Ҳизби демократии «Наҳзати миллӣ», Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», Ҳизби халқӣ-демократӣ, «Ҳаракати экологии Ӯзбекистон» ширкат карданд.

Коршиносони мустақил мегӯянд, бо вуҷуди панҷ ҳизб сокинон интихоби густарда надоштанд — зеро, ин ҳизбҳо аз сиёсати ягона ва тасмимҳои Мирзиёев пуштибонӣ мекунанд.

Дар интихоботи соли 2014 ин панҷ ҳизб ҳамон миқдор раъйеро касб карданд, ки дар интихоботи соли 2009 соҳиб шуда буданд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҳайати вижаро ба Узбекистон фиристодааст, гуфт, баъзе аз камбудҳои интихоботҳои гузашта ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳафтаи гузашта гуфт, Ӯзбекистон моҳи феврал ба қонуни интихобот чанд тағйирот ворид кард, аммо ислоҳот натавонист имкони интихоби номзадҳои воқеиро барои раъйдиҳандагон фароҳам кунад.

Дар гузориш гуфта шудааст, панҷ ҳизби сабтшуда “бар асоси маҳдудаи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда” амал мекунанд ва ҳеч як ҳизб ва ё номзади мустақил ба интихобот роҳ дода нашуд.

Палатаи поёнии порлумони Ӯзбекистон аз 150 курсӣ иборат аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 50 курсии онро ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон дар ихтиёр дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *