Интихоботи президентӣ дар Беларус

Интихоботи президентии Беларус 26-уми январи соли 2025 таъйин шудааст. Ин тасмим рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус гирифта шуд.

Тавре раиси Комиссияи марказии интихоботӣ (КМИ) Игор Карпенко иброз намуд, комиссия ба оғози маъракаи интихоботӣ оид ба интихоботи президенти ҷумҳурӣ омода аст. «Зимни гузаронидани маъракаи интихоботи президентӣ дар кори комиссияҳо тақрибан 60 ҳазор нафар иштирок мекунанд»,- шарҳ дод раиси Комиссияи марказии интихоботӣ.

Александр Лукашенко, президенти феълӣ низ дар сабқати интихоботӣ ширкат мекунад. Президенти Беларус ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *