Интизорӣ аз Паём: Аз мубориза бо коронавирус то рушди иқтисод

26-уми январ Паёми навбатии Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ироа мегардад. Паёми Президент ба парлумон  муроҷиати анъанавии ҳарсолаи Сарвари давлат ба ҳар ду палатаи парлумон аст.

Он вазъи корҳоро дар мамлакат, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.Паёми қаблии Президенти кишвар 26 декабри соли 2019 пешниҳод шуда буд. “Тоҷикистон” ба  хонандагон бо  чунин суол муроҷиат кард:  Аз Паёми навбатии Президент чӣ интизорӣ доред?

Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ:

-Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамасола аз хурд то бузург интизор мешаванд. Зеро Паём ҳамчун раҳнамо буда, роҳҳои ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаро муайян менамояд ва ҳамчун сармашқ ва дастурамали фаъолияти ҳар як ниҳоди давлатӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Чун таҳлилҳо нишон медиҳанд, зимни ироаи Паеми ҳамасола ба Маҷлиси Олии кишвар Роҳбари давлат ба масъалаи ҷавонон рӯ меоранд, баҳри таъмини имкониятҳои худташаккулёбии ҷавонон пешниҳодҳои мушаххасро манзур месозанд ва боэътимоду боварии калон аз ин қишри пуриқтидори зеҳниву ҷисмонӣ даъват менамоянд, ки манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва истиқлолияту ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Яке аз воқеоти таърихӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар, ки тавъам бо Паём аст, ин соли 2017 эълон доштани Соли ҷавонон буд. Пас метавон қазоват намуд, ки дурнамои амалигардонии дастурҳои Паём маҳз ба хотири пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”:

-Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки “пешгӯйӣ” ва “фолбинӣ” дар мавриди мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи қонунӣ дорад ва аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Бо дарназардошти масъалагузорӣ ва муҳтавои паёмҳои қаблӣ метавон муътақид буд, ки ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат дур намемонад ва чун анъана дар ин раванд таҳлили мӯшикофона меҳвар хоҳад буд. Далели бебаҳс аст ва коршиносон низ эътироф кардаанд, ки сол то сол мақому манзалат ва саҳми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» дар пешрафти кишварамон тамоюли фузуншавиро касб карда, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ироаи онро интизор мешаванд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки бори нахуст 27-уми апрели соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёмашонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд. Муҳим он аст, ки аҳли ҷомеа, аз ҷумла, соҳибкорон бо амри дилу виҷдон баҳри амалисозии нуктаҳои он беш аз пеш фаъол шуда истодаанд. Таклифу пешниҳод ва эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки аз ҷониби сохторҳои зидахл ибтикори зарурӣ амалӣ гардида, дар ин замина мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, кишвар беш аз пеш рушд намояд. Ҳазорҳо далел мавҷуд аст, ки маҳз дар заминаи иҷрои талаботи ин ҳуҷҷати муҳим нишондиҳандаи иқтисодиву иҷтимоӣ беҳтар гардида, рушди тамоми соҳаҳо муттасил аст. Беҳтар гардидани нишондиҳандаҳо вобаста ба таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди қонунгузорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, мудофиа низ ба Паёми Президент рабт дорад. Мутмаинам, ки Паёми навбатӣ низ аз масъалаҳои мубрам, таҳлили амиқ ва пешниҳодоти созанда бар нафъи миллату Меҳан таркиб ёфта, тањрикбахши рушди беш аз пеши мамлакат хоҳад гардид.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини якуми раиси ҲСДТ:

-Бисёр мехостам, ки шаклу мазмуни Паём ба ҳам мувофиқ бошанд. Зеро ҳар Паёме, ки қаблан буд, дар шакли ҳисобот ироа мешуд. Воқеияти иқтисоди миллии Тоҷикистон, фурсатҳо ва имконияти мақоми кишвар дар  минтақа ва ҷаҳони муосир  ба инобат гирифта шаванд. Инчунин, масоли мубрами сиёсӣ бо дарназардошти манофеи миллӣ ба назар гирифта шаванд. Чанд масъалаи дигаре низ ҳаст, ки иртибот ба сиёсати дохилии кишвар мегирад. Ин фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати камтар кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ислоҳи сиёсати кадрӣ ва  ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт мебошад.  

Насимҷон Абдулмуминзода, муовини ректор оид ба таълими ДМТ:

— Нахустин Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2000 ироа гардида,  Паёми навбатӣ бисту якум ба ҳисоб меравад. Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони Истиқлолият аст. Он санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи он дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро фаро мегирад. Ин Паём  вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои тактикиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамоянд.Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳама аз хурд то бузург бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ интизор мешавем.

Дар Паём самтҳои асосии фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба нишондиҳандаҳои дурнамои солҳои сипаригардида ва таъкиди афзалиятҳо барои давраи миёнамуҳлат дар оғози сол пешниҳод мегарданд. Дар Паёми ҳарсола тамоми самтҳои дохиливу хориҷии  фаъолияти давлат мавриди таҳлилу таҳрезӣ, омӯзишу баррасӣ ҷиҳати беҳтару хубтар ва рушд додану вусъат бахшидани самтҳои фаъолияти давлатӣ қарор дода мешаванд.

Лолаи Саидакбар, омӯзгор:

-Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар сол ба Парлумони кишвар ироа мегардад, барои ҳар шаҳрванди ин Ватан роҳнамои зиндагӣ бояд бошад. Аз Паём то Паём садҳо ташаббусҳо амалӣ мегарданд, ки боиси осудаҳолии ҳар тоҷику тоҷикистонист. Аз Паёми навбатӣ низ навгониҳои зиёдеро интизорӣ дорем. Соли 2020 барои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон вазнин омад. Бемории сироятии  коронавирус ба тамоми бахшҳо зарбаи сахт расонд. Мушкилоти иҷтимоии мардум бештар айён шуд. Дар охири сол чандин куштори бераҳмонаи занонон аз ҷониби шавҳарон ва амалҳои ғайринсонӣ ҷомеаро доғдор кард. Интизорем, ки ин масъаларо Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ муҳокима карда, ба мақомот дастурҳои қатъӣ медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *