Қирғизҳо дар минтақаи баҳсӣ посгоҳ месозанд

Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сохтмони посгоҳи назоратӣ – дар як минтақаи, ба гуфтаи онҳо, баҳсӣ ва дар роҳи байни Исфара ва Ворух муттаҳам карданд. Бишкек дар ин бора расман чизе нагуфтааст.

Ҳоло байни шаҳри Исфара ва ҷамоати Ворух роҳи мустақил вуҷуд надорад. Роҳ аз байни деҳаи Оқсойи вилояти Бодканди Қирғизистон мегузарад ва дар гузашта Бишкек ин масирро борҳо бастааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ рӯзи 14-уми сентябр ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон низ дар ин бора дар марз гуфтугӯ кардаанд. Ҳайати Тоҷикистонро вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода роҳбарӣ кардааст.

Назорати марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сар задани низоъ миёни сокинони ду кишвар пурзӯр карда шудааст.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 14 сентябр вазъ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон муътадил буд. Сардори Ситоди кул ва муовини раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон Абдукарим Олимбоев 15 сентябр барои ҳалли масоили ба миён омада ба вилояти Бодканд, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, сафар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҷениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон, рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигорон аз ҷамоати Ворух ба унвони ҷазирақаламраве дар ҳудуди вилояти Бодканд ном бурдааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Ворух ҳеч гоҳ анклав набуд.

Раззоқов гуфтааст, Тоҷикистон талош дорад, аз Исфара ба Ворух долон ё роҳраве бисозад, ки ба қавли ӯ “имконнопазир аст”. “Мо ба сохтмони долон иҷоза дода наметавонем, барои он ки дар он ҷо деҳаи Оқсойи мо ҳаст», — афзудааст ӯ.

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара мегӯяд, Тоҷикистон дар талоши сохтани долон нест, балки бар асоси протоколи байниҳукуматии соли 2014 ҳақ дорад, роҳи мустақили Исфара-Ворухро созад. Аммо сохтмони роҳ ҳанӯз оғоз нашудааст.

Баҳси Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз тайи моҳҳои ахир бештар шудааст. Ду тараф якдигарро ба истифодаи заминҳои ба истилоҳ баҳсӣ ё номуайян айбдор мекунанд. Ҳатто дидору мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар тобистони имсол дар марз ба ин баҳсҳо хотима надод.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *