Қирғизҳо дар Овчӣ Қалъача шлагбаум заданд

Сокинони деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  хабар додаанд, ки марзбонҳои Қирғизистон рӯзи 1 август бо як мошини низомии БРДМ омада, роҳи даруни қишлоқро бастаанд.

Ин иқдоми марзбонҳои қирғиз ҳудуди 40 хонаводаи тоҷикҳоро аз ягона роҳи мошингард ба самти манзилҳо ва заминҳои кишташон маҳрум мекунад.Дар ин роҳи байни қишлоқ, ки аз тарафи росташ манзилҳои тоҷикҳо ва аз тарафи чапаш манзилҳои қирғизҳо ҷойгир шудааст, мояи эътирози тоҷикҳои сокини ин қисмати деҳаи Овчӣ – Қалъача шуд.Парвиз, як сокини деҳаи Овчӣ-Қалъача гуфтааст, ки  деҳаву заминҳои қирғизҳо дар замине ҷойгир шудааст, ки сокинони калонсоли деҳа он минтақаро «60-сола” мегуфтаанд: «60-сола барои он мегӯянд, ки дар вақташ ин заминҳоро ба Қирғизистон барои 60 сол иҷора дода будаанд ва бояд баъди 60 сол бармегардонданд. Вале аз куҷо? Дар солҳои 2001-2002 дар инҷо аввал барои сарбозони қирғиз як чайловча сохтанд, баъд 2-3 гектар заминро ҷудо карда, қисми низомӣ сохтанд. Ҳоло шлагбаумашонро оварда, дар роҳи даруни деҳа задаанд. Онҳо вокуниши тоҷикҳоро нигоҳ мекунанд ҳар дафъа. Тарафи мо агар хомӯш бишинад, онҳо сутунҳои марзашонро боз пештар оварда мезананд.”Парвиз мегӯяд, марзи байни Овчӣ-Қалъача ва ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст, вале ҳарду тараф як шоҳроҳеро ки аз инҷо мегузарад, ҳамчун хатти марз қабул кардаанд, вале ин роҳе ки аз даруни деҳа мегузарад, бори аввал аз ҷониби қирғизҳо шлагбаум зада мешавад.Минтақаҳои баҳсии марзии Овчӣ-Қалъача бори аввал нест ки мояи таниш байни Тоҷикистону Қирғизистон мешавад. Дар моҳи феврали соли 2016 ҷониби Қирғизистон дар манзили як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар минтақаи баҳсии марз ҷойгир шуда буд, як хонаводаи қирғизро ҷой карда, дар боми он парчами Қирғизистонро овехтанд. Ин амал боиси табодули нотаҳои эътирозӣ байни Душанбе ва Бишкек шуд ва дар ниҳоят ҷониби Қирғизистон парчамашро аз боми он хона канд.Ва аммо дар моҳи августи соли 2014 баҳси марз байни ду кишвар дар Овчӣ-Қалъача ба тирандозие печид, ки дар натиҷаи он як афсари нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва як сокини Овчӣ-Қалъача ба ҳалокат расида, 5 тани дигар аз ҷониби Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.Аз 970 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳси марз байни сокинон ва марзбонони ду кишвар чандин бор мунҷар ба занозаниву ҳатто тирандозиҳои хунин шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *