Қирғизҳо дар Русия занозанӣ карданд: 50 кас боздошт шуд

Дар натиҷаи як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Новосибири Русия 50 кас боздошт шуданд. Дар ин задухӯрд ҷамъан ҳудуди 200 кас иштирок дошт.

Шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҳодиса 7 октябр дар назди бозори «Хилокский» рух дод. Ба маҳалли ҳодиса маъмурони «ОМОН» ва «СОБР» сафарбар шудаанд.

Манбаи хабаргузории «Интерфакс» мегӯяд, иштирокдорони занозанӣ аз силоҳ истифода накарданд ва танҳо нозири минтақавӣ барои огоҳӣ ба осмон оташ кушодааст. Вале хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ иттилоъ дод, ки дар задухӯрд аз ислоҳ истифода шудааст. Дар Вазорати умури дохилии Русия гуфтанд, ки дар он ҳодиса як кас осеб дидааст, вале аз шарҳи бештар худдорӣ карданд.

Шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар маҳалли ҳодиса як мошини «Газел» ва як «Инфинитӣ» оташ гирифт. Нашрияи «Новосибирск Онлайн» иттилоъ дод, ки задухурд ба далели оташ гирифтани мошини «Инфинитӣ» сар задааст.

«Тайга.Инфо» навишт, низоъ нахуст миёни ду тоҷир бар сари пули иҷораи анбор сар задааст. «Яке аз тоҷирон афроди мусаллаҳро барои гирифтани пули иҷораи анбор ба сари тоҷири дигар фиристод ва ин муноқиша ҳанӯз 4 октябр оғоз шуда буд», — афзудааст манбаи расона.

Намояндаи ҷамъияти қирғизҳо дар Новосибир Жаркинбой Тойтуков дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки занозанӣ миёни шаҳрвандони Қирғизистон сар зад. Бино ба фарзияи пешакӣ, як шаҳрванди Қирғизистон аз ҳамватанони худ пул тамаъ мекардааст. «Одамони ӯ шаҳрвандони моро латтукӯб карда, пул талаб мекарданд ва намегузоштанд, ки ҳамватанонамон дар бозор ором кор кунанд», — афзуд Тойтуков.

Дар натиҷа тоҷирон дигар вазъро таҳаммул накардаанд ва мошини «Инфинитӣ»-и шаҳрванди Қирғизистонро оташ задаанд.

Сафорати Қирғизистон дар Русия то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *