Қирғизҳо парчами Тоҷикистонро бо хуни тоҷикон гулгун сохтанд (Видео)

Қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурдаанд. Бар асари тирпарронӣ Ҷалол Қараев, сокини 52-солаи ҷамоати Ворух ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд

Дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон боз низоъ рух дод.  Як нафар кушта ва чандин тан аз ҳар ду ҷониб захмӣ шудаанд. Муноқиша дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки қарор аст, 26 июл президентони ду  кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон мулоқот ороянд.

Иғвои навбатӣ аз ҷониби Қирғизистон

Бино ба изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи тирандозии тарафи Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 7 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин манбаъ афзудааст: “22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, аз ҷумла дар симчӯби ҳудуди ҷамоати Ворух Парчами давлатии Тоҷикистонро овезон намуданд”.

Тахминан соати 16:35 дақиқа ба ин ҳолат шаҳрвандони Қирғизистон  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти «Оқсой» ва парчами кишварашонро насб карданд.  Азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа, миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Қирғизҳо дар баробари сангпартоӣ, инчунин аз силоҳ истифода бурдаанд. Бар асари тирпарронӣ Ҷалол Қараев, сокини 52-солаи ҷамоати Ворух ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд. Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Афзун бар ин, қирғизҳо роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста,  ба рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистон монеъ шудаанд. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин ҳодисаро “иғвои навбатӣ”-и  “доираҳои манфиатҷӯи қирғиз” унвон кардааст, ки дар остонаи дидори президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтодааст.

Чаро қирғизҳо асноди ҳуқуқиро ба эътибор намегиранд?

Арзёбии муноқишаи марзии мазкур аз ҷониби Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз изҳороти ҷониби Тоҷикистон тавофут дорад. Намояндаи расмии ин хадамот сабаби бурузи муноқишаро ба овезон кардани парчамҳои Тоҷикистон дар роҳи автомобилӣ ба муносибати сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба минтақа рабт додааст.

Ба иддаои ин манбаъ, сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин амал мухолифат карда, дар ҳудуди Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи «Оқсой»-ро насб карданд. Сокинони Ворух ба ин муқобил баромаданд» ва дар натиҷа, баҳс ба занозанӣ кашонид. «Маълум нест, дар ҷараёни муноқиша аз кадом тараф, аз силоҳи шикорӣ тир кушодааст,» — мегӯянд намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Ҷониби Тоҷикистон таъкид дорад, маҳз қирғизҳо аз силоҳи оташфишон истифода кардаанд. Дар натиҷа, як сокини ҷамоати Ворухи Тоҷикистон кушта шуда, панҷ нафари дигар, аз ҷумла Расул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷароҳат бардоштаанд. Табибони бемористони ҷамоати Ворух вазъи саломатии захмиёнро вазнин арзёбӣ кардааст.

Тибқи изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар муноқиша дар марзи ин ду кишвар панҷ нафар қирғиз низ захмӣ шуда, ба бемористони вилоятии Бодканд интиқол дода шудаанд. Дар байни онҳо кормандони милисаи Қирғизистон низ ҳастанд. Намояндаи бемористони Бодканд гуфтааст, ҷамъан ба ин ҷо 8 захмӣ оварда шудааст. Аммо ин “санад” тадқиқ мехоҳад, зеро борҳо шудааст, ки тарафи Қирғизистон ба хотири рӯйпӯш кардани амали ҷинояткорӣ аз худ мақруҳ тарошидаанд.

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод!

Бори аввал нест, ки дар минтақаи Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон муноқишаҳо рух дода, баъдан ба даргирӣ кашида мешавад. Умдатан дар ин гуна муноқишоти марзӣ сокинони Тоҷикистон талафот мебинанд. Масалан, дар пайи муноқишаи 13-14 марти соли ҷорӣ  дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Сокинони деҳоти марзӣ мегӯянд, ки ҷониби Қирғизистон ҳамин гуна тирамоҳи соли гузашта монеи сохтмони лӯлаи обе барои сокинони Ворух шуданд ва дар натиҷа, бино ба баҳсӣ будани макони сохтмони лӯлаи об корҳо мутаваққиф мешавад. Зимнан,ҷониби Қирғизистон дар шурӯи муноқишоти марзӣ ҳамеша ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунад. Маъмулан, дар пайи муноқишот музокироти ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, муваққат оташи муноқиша хомӯш мешавад. Посгоҳҳои ғайриқонунӣ дар манотиқи марзӣ бардошта шуда ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳали сарҳадӣ боз мегардад. Ҳайати Тоҷикистон ҳамеша ҷониби дигарро ба ҳалли сулҳомези ин қазия даъват карда, хостори баррасии масоили мавриди баҳс дар мизи музокирот мешавад. Ба қавли Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили сиёсӣ аз соли 2002 ба ин тараф Тоҷикистон дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон гузаштҳои зиёде кардааст. Вале дар посух Тоҷикистон ба ҳеҷ гузашти Бишкек дар масоили баҳсҳои марзӣ даст наёфтааст.

Пас аз ҳар музокирот қирғизҳо дар минтақаи сарҳадӣ даст ба иғвои навбатӣ мезананд ва хуни тоҷиконро мерезанд. Мусаллам аст, ки  оромии нисбии ҳозира дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон то замони муноқишаи навбатии сокинони деҳаҳои Воруху Оқсой, ки дар ҳар фурсати муносиб ва бо баҳонаҳои гуногун рух медиҳанд, боқӣ мемонад.

4 роҳи ҳалли мушкилот дар марз

Ба эътиқоди коршиносон, ангезаи аслии муноқишот дар манотиқи Исфараи Тоҷикистону вилояти Ботканди Қирғизистон то ҳол ҳал нашудани манотиқи баҳснок дар сарҳади ин ду кишвар аст.  Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин ҷумла беш аз 470 километри он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Ҷониби Қирғизистон нақшаи таъини марз ва аломатгузориро, ки дар солҳои 1924-1927 Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ намудааст, ба эътибор намегиранд. Ин ягона ҳуҷҷати қонуние мебошад, ки ҳудуди марзии ин ду кишварро муайян мекунад. Зеро бо қарорҳои Президиуми  Кумитаи Марказии Иҷроияи СССР аз таърихи 10 сентябри соли 1926, 21 декабри соли 1926, 4 майи соли 1927, 8 июни соли 1927, 1 январи соли 1932 тасдиқи худро ёфтааст. Президиуми Кумитаи Марказии иҷроияи СССР миёни миёни сессияҳо ягона органи олии қонунгузор, иҷрочӣ ва танзимгар ба ҳисоб меёфт. Замони шӯравӣ Тоҷикистону Қирғизистон узви ин иттиҳод маҳсуб мешуданд, марзи давлатӣ аз марзи маъмурӣ фарқ дошт. Ҳар кишвар метавонист дар доираи марзи маъмурӣ фаъолият кунад. Мутаассифона асноди ҳуқуқӣ аз ҷониби кишвари ҳуқуқбунёди Қирғизистон ба эътибор гирифта намешавад.

Дар ин миён як санади ғайриқонунунии аз ҷониби Шӯрои Олӣ тасдиқнаёфта вуҷуд дорад. Ин қарори аз ҷониби Шӯрои олӣ тасдиқногашта мебошад, ки  ба он раиси Шӯрои Вазирон Иззатулло Ҳаёев имзо гузоштааст. Мувофиқи он 350 гектар замин дар минтақаи Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо муваққатан ба иҷора дода шудааст. Дар асоси ин санад қирғизҳо заминро ба моликияти худ табдил додаанд ва ҳарчанд ки муҳлати иҷора ба охир расидааст, онро баргардонидан намехоҳанд.

Ҳамин номуайянӣ боис мешавад, ки сари чанд вақт сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор, убури марз ва ихтилофоти байнимиллӣ вориди низоъ гашта, то ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта ва захмӣ шудаанд.

Як сабаби  аломатногузорӣ нашудани қисмате калони хати марз маҳз аз ҷониби қирғизҳо эътироф нокардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ мебошад. Мақомоти ҳар ду тараф мегӯянд, ки мушкил дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад. Мувофиқи харитаи сари худ тартиб додаи Қиғизистон Ворух ҳамчун як ҷазирақаламрав дар дохили Қирғизистон мондааст…

Оё сарбозон ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон интиқол мешаванд?

Роҳи ҳалли одилонаи қазия дар чист?

Коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба он назаранд, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки замон таъсис ёфтани републикаҳои иттифоқӣ тартиб дода шудаанд, бояд ба эътибор гирифта шаванд. Дар акси ҳол қирғизҳо метавонанд даъво қариб ба тамоми ҳудуди Қазоқистон пеш оранд. Зеро баъд аз таъсиси СССР Қазоқистон дар ҳудуди Қирғизистон қарор дошт. Агар ин нукта ба назар гирифта нашавад, боз ҳам “Хитаи Балху Бухорои” Бозор Собир пеши назар меояд. Масалан, 4 пешниҳоди  Абдуғанӣ Мамадазимов, ки пурра бар зиёни тоҷикон ва Тоҷикистон аст. Махмадазимов ҷонибдори додан аст, на даъво ба моликияти худ. Ҳамон тафаккуре, ки хоси баъзе аз роҳбарони замони шӯравии Тоҷикистон буд. Инҳоянд пешниҳоди ӯ:

1. Ба ҳамсояи кшвар додани қитъаи замин (дар дигар ҷойи ноҳия), то ки аз роҳи автомобилгард бо ҷамоати Ворух ба ҳамин андоза қитъаи замин гирифта шавад;

2. Аз кишвари ҳамсоя ба иҷораи дарозмуҳлат гирифтани қитъаи замин, ки аз он ҷо роҳи мавҷуда мегузарад ё бо ҷамоат роҳи нав сохта мешавад;

3. Ба расмият даровардани Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи истифодаи муштараки роҳҳои мошингарди Исфара — Ворух ва Ботканд — Лайлак ва ба онҳо додани мақоми байналмилалӣ;

4. Сохтмони ду нақб барои роҳҳои автомобилгарди Исфара — Ворух ва Ботканд — Лайлак дар қитъаҳои наздисарҳадӣ, ки бо гузашти вақт роҳҳои мошингарди мавҷударо иваз намуда, ба баҳсҳо пурра хотима мебахшанд.

Гумон мекунам коршиносони қирғиз ба Абдуғанӣ Мамадазимов ин пешниҳодотро ироа доштаанд.

Президентон гиреҳи мушкилотро мекушоянд?

Бо вуҷуди муноқишоти марзӣ, ки талафоти ҷонӣ ба дунбол дошт, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷээнбеков, сарони ду кишвар эълон доштаанд, ки дар шаҳри Исфара бо ҳам мулоқот хоҳанд кард. Манобеи наздик ба мақомоти тоҷик мегӯянд, масъалаи ҳалли қитъаҳои баҳсии марз мавзӯи калидии гуфтугӯи руасои ду кишвар аст. Таърихи мушаххаси ин дидор рӯшан нест, вале гуфта мешавад то охири ҳафтаи равон мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳад шуд. Ба назар мерасад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷараёни як дидор гиреҳи мушкилоти печидаи марзиро, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба “мерос” расидааст, ҳал кунанд. Зеро ин мушкил аз ҳар ду ҷониб гузаштҳоеро тақозо мекунад. Оё тарафҳо, бахусус, Қирғизистон омода аст ба хотири ҳалли масоили баҳсӣ дар марз гузашт кунад? Коре, ки дар муддати 20 соли ахир Ҳукумати Қирғизистон накардааст.

Мардони  Муҳаммад,

сармуҳаррири сомонаи «Tajikistantimes»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *