Қирғизистон: Се зиндонӣ даҳони худро дӯхтанд
Се зиндонии маҳбаси №16-и Қирғизистон дар эътироз ба қарори раҳбарияти зиндон дар бораи интиқоли онҳо ба утоқи ҷаримавӣ даҳонҳои худро дӯхтанд.
Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, ин се зиндонӣ қоидаҳои дохилии маҳбасро вайрон карда, дар гузашта низ чанд бор тартиботро нақз кардаанд. Бинобар ин, раҳбарияти зиндон дастур додааст, ки як моҳ онҳоро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол диҳанд.
Вале маҳбусон дар эътироз ба дастури раҳбарияти зиндон ба ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон муроҷиат карда, гуфтанд, ки онҳоро шиканҷа мекунанд.
Ба иттилои омбудсмен, маҳбусон эътирози худро 25 май оғоз карданд. Падари яке аз онҳо гуфт, писараш тайи як соли будубош дар маҳбаси мазкур чанд бор латтукӯб шудааст.
Сардори шуъбаи риоияи ҳуқуқи инсон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар зиндонҳо Алберт Колопов 28 май ба маҳбаси 16 рафта, талаби маҳбусонро шунид.
«Онҳоро барои як моҳ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол доданд. Маҳбусон дар эътироз ба ин қарор даҳони худро дӯхта, шикамҳояшонро буридаанд. Зиндониёни норозӣ мегӯянд, онҳоро беасос ба утоқи ҷарима интиқол доданд. Онҳо гуфтанд, ки худро бад ҳис мекунанд ва бояд ба беморхона интиқол дода шаванд. Якеашон дасти худро ҳам буридааст», — афзуд Колопов.
Баъд аз гуфтугӯ бо раҳбарияти зиндон муҳлати будубоши маҳбусон дар утоқи ҷаримавӣ аз як моҳ ба панҷ рӯз кам карда шудааст. Ному насаби ин се зиндонӣ ифшо намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ