Қирғизистон: Воридоти кулоҳи сафедро манъ мекунанд
Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки кулоҳи сафеди миллӣ дар ин кишвар ҳамчун рамзи фарҳангӣ шинохта ва воридоти он аз хориҷ манъ карда шавад. Лоиҳаи қарор дар ин бобат таҳия ва ба баррасии омма пешниҳод шудааст.
Вазорат ҳадафи пешниҳоди худро ҳимояти анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ифтихори мардуми қирғиз аз фарҳанги миллӣ, густариши таблиғоти арзишҳои миллӣ ва тарбияи маънавии насли навраси Қирғизистон номидааст.
«Вақтҳои ахир ҳолатҳои беэҳтиромӣ кардан ба кулоҳи миллӣ мушоҳида мешавад. Бархе аз соҳибкорон аз хориҷ кулоҳи миллиеро ворид месозанд, ки аз матои бесифат омода шудааст ва ин боис мешавад, то меҳмонони хориҷӣ кулоҳи миллии моро ҳамчун як чизи пастсифат қабул кунанд», — омадааст дар шарҳи лоиҳаи қарори вазорати фарҳанги Қирғизистон.
Пештар ба порлумони Қирғизистон пешниҳод шуда буд, то президент ва варзишгарони ин кишварро вазифадор кунанд, ки дар сафарҳои хориҷӣ кулоҳи сафед бипӯшанд. Дар Қирғизистон 5 март ҳамасола ҳамчун рӯзи кулоҳи сафед ва либосҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ