Қирғизистон: Жанибековро куштанд
Бекзод Жанибеков, варзишкори 28-сола, қаҳрамони куштии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек кушта шуд. Як марди 33-сола бо гумони қатли варзишкор боздошт шудааст, хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.
Боздоштшуда дар бозпурсӣ гуфт, ки миёни онҳо ҷанҷол бархостааст. Гумонбар бо аввалин ашёе, ки дар дасташ афтод, ба Жанибеков ҳамла кардааст. Тахмин меравад, ин ашё корд будааст.
Ҳодисаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек рух додааст. Бо моддаи «Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ» парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ