Ирӯз ҳаво 37 дараҷа гарм мешавад

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 5 сентябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 27-32 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *