IRS ҳаракати мошинҳои боркашро дар роҳи Душанбе –Хуҷанд манъ кард
Бо сабаби боридани барфи зиёд ҳаракати мошинҳои калони борбар дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, манъ карда шудааст.
Шаби 18 ба 19-уми ноябр дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои атрофи пойтахт ва вилоятҳои Суғду Хатлон барф борид. Ҳавошиносони тоҷик эҳтимоли сард шудани ҳаво ва боридани барфро дар ин рӯзҳо пешбинӣ карда буданд. Ба иттилои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, сардиҳо то рӯзи 21-уми ноябр идома мекунад. Дар ширкати IRS — масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ гуфтаанд, ки бо вуҷуди бориши шадиди барф, ҳаракат дар ин масир барои мошинҳои сабукрав идома дорад, аммо ҳаракати мошинҳои калони борбарро муваққатн манъ кардаанд.
Шаби гузашта бархе аз мусофирон бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки бар асари бориши барфи зиёд ва тоза нашудани роҳ, ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Ҳуҷанд мушкил шуд ва бархе мошинҳо дармондаанд. Масъулони ширкати IRS ҳам гуфтанд, ки дар воқеъ чунин мушкил вуҷуд дошт ва дар муддати кутоҳ бартараф шуда, айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба истиснои мошинҳои калони боркаш таъмин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ