IRS яке аз кӯпрукҳои азими роҳи Душанбе-Чаноқро аз нав сохта истодааст
Азнавсозии кӯпруки азим дар километри 267-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ босуръат идома дорад. Кӯпруки мавриди назар, ки 73 метр дарозӣ дорад, соли 1962 сохта шуда, поя ва сутунҳои марказии он аз сабаби рафтуомади воситаҳои нақлиёт тайи солҳои мавриди истифода будани он корношоям гаштааст.
— Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нуҳуми марти соли 2021, баъд аз таҳқиқи комиссияи дахлдори таъсисёфта ба намояндагӣ аз Вазорати нақлиёт, Бозрасиии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва мутахассисони филиали ширкат дар Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ гирифта шуда буд, ки онро таъмир кунанд. 12-уми сентябри соли гузашта корҳо дар ин иншоот шуруъ шуда, дар марҳилаи аввал, тибқи тавофуқот демонтаж ё ҷудосозии қитъаоти кӯпруки мазкур аз сӯи ширкати ватании “Роҳи ваҳдат” амалӣ гардид. Бо дарназардошти нуфузи байналмилалӣ ва таҷрибаи ғании фаъолият лоиҳакашиву азнавсозии пул ба зиммаи ширкати муътабари “Чайна Роуд” вогузор шуда, кор дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафта истодааст,- хабар медиҳад маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, алъон корҳо босуръат идома дошта, чанде пеш насби пояҳои кӯпрук, ки қолабрезӣ шудаанд, шуруъ гардидааст. Ба сохтмони мазкур 45 мутахассиси ширкати
“Чайна Роуд” ҷалб ва 15 техникаву
механизми пуриқтидор сафарбар шудаанд. Тибқи лоиҳа, баъди азнавсозӣ паҳноии
пули мазкур ба 10 метру 20 сантиметр (бо дарназардошти пайроҳаи пиёдагард) хоҳад
расид.
— Дар ин ин раванд масолеҳи босифати сохтмонӣ сарф шуда, умуру сифати кор зери
назорати роҳбарияти филиали ширкат қарор дорад. Ҳоло 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба сомон расида, масъулин ҷаҳду талош
доранд, то ҳарчи зудтар кӯпрукро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд,- меафзояд
манбаъ.
Бояд гуфт, ки илова ба вазифаҳои номбаргардида, нигоҳдории 38 кӯпрук низ ба зиммаи филиали ин ширкат вогузор аст. Барои мисол, солҳои қаблӣ аз ҷониби IRS ду кӯпруки азими масири Душанбе-Чаноқ дар қаламрави ноҳияи Айнӣ пурра ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ азнавсозӣ шудаанд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ