“IRS”баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ саҳми бештар мегузорад
Мавҷудияти хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд. Аз ин лиҳоз, кормандони “IRS” масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолиятро дар ин самт тавсеа бахшидаанд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикстон, соли равон барои дар сатҳи хубу сифати балан амалӣ гардидани ин кор 34 тонна ранг ва 8 тонна саққочаи ҷилодиҳанда истифода хоҳад шуд. Бо назардошти он ки қонунмеҳварӣ ва таъмини шаффофият барои “IRS” авлавият аст, ҷиҳати харидории масолеҳи зикршуда тендер эълон шуда, ба сифат ва ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ будани онҳо таваҷҷуҳ хоса аст.
Харидории саққочаҳои ҷилодиҳандаро манбаъ ба муроҷиати шаҳрвандон рабт дод. Маълум гардид, ки зимни муроҷиат аз тариқи саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» шаҳрвандон аксар маврид аз манфиатҳои хатҳои уфуқӣ ёдовар шуда, дархост намуданд, ки беҳтар мешавад, агар зимни кашидани хатҳои уфуқӣ ба қобилияти ҷилодиҳии онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад.Тибқи анъанаи роиҷ ин пешниҳод низ фавран мавриди баррасии роҳбарияти “IRS” қарор гирифта дар муддати кутоҳ татбиқ шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ барои арзу пешниҳодҳо сандуқ гузошта шудаанд. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат — 487011020 низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро ироа намояд.
Махсусияти кашидани хатҳои уфуқӣ бо усули зикршуда дар он зоҳир мегардад, ки шабона бо қобилияти ҷилодиҳии худ бехтарии ҳаракатро комилан таъмин менамоянд. Далелҳо гувоҳи онанд, ки солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ аз ҷониби кормандони намояндагиҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат, тавассути техникаи замонавӣ, ки барои ҳар як намояндагӣ алоҳида харидорӣ шудааст, амалӣ гардида истодааст. Чунин тарзи кор ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, то шурӯъ гардидани мавсими сармо идома меёбад.
Тадбирандешиҳои мазкур далели возеҳи он аст, ки боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ мунтазам мадди назари роҳбарият ва кормандони “IRS” қарор дошта, ин раванд давомдор мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ