Исқоти ҳамли духтари 14-сола бо дастури мансабдорон

Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳамли хонандаи синфи ҳафт К.М., ки дар моҳи панҷум қарор дошт, бо дастури мансабдорони маҳаллӣ сиқт карда шудааст.

Як корманди Раёсати корҳои дохилии Фарғона гуфт, ин ҳодиса моҳи майи имсол рух дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло модари 39-солаи хонанда ба ҳабс гирифта шуда, зиддаш бар пояи ду банди Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон (таҷовуз ба номус ва даллагӣ ё ташкили фоҳишахона) парванда боз гаштааст.

Ҳамчунин зидди 4 марди дигаре, ки ба номуси ин духтари ноболиғ ба таври «анъанавӣ» ва «ғайри анъанавӣ» эҳтиёҷоти ҷинсии худро бароварда сохтаанд, айб эълон шудааст.

Маъмурияти мактаб моҳи майи соли равон аз ҳозир нашудани хонанда ба дарсҳо нигарон шуда, баъд аз фиристодани омӯзгорон ба хонаи онҳо огаҳ гаштааст, ки духтар ҳомиладор аст.

«Бо мушовири умури занони маҳалла ва раҳбари синф ба хонаи духтар рафтем. Модару духтарро ба назди муовини раиси ноҳияи Бешариқ оид ба масоили занон бурдем. Вай модари духтарро сарзаниш кард ва бо худи духтар сӯҳбат кард. Баъд вай ба нозири раёсати корҳои дохилии ноҳия хабар дод», — гуфт яке аз омӯзгорон.

Дар натиҷа нозири мақомоти корҳои дохилӣ, мудири мактаб ва раҳбари синф ба хулосае омадаанд, ки ҳамли хонандаро сиқт кунанд. Дар айбнома омадааст, ки модари духтар «аз шармандагӣ тарсида, ба исқоти ҳамли духтараш дар бемористон розигӣ надодааст».

Як табиби бемористони марказии Бешариқ гуфт, пас аз ташхис бо дастури муовини раиси ноҳия ва мудири мактаб, момодоя ба хонаи духтар рафта, барои аз байн бурдани кӯдак, ба ӯ чаҳор адад ҳаб (таблетка) додааст.

Як масъули ҳукумати Бешариқ, ки худро ёвари муовини раис муаррифӣ кард, хабари исқоти ҳамли хонандаи 14-соларо тасдиқ кард. Масъули дигаре, ки худро Расулҷон Ҷӯраев муаррифӣ кард, дар як посухи кутоҳ афзуд, ки «дастандаркорони ҳодиса дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *