Исботи 4000 солагии Данғара аз ҷониби Академияи илмҳо
Тамаддуни Данғара идомаи тамаддуни Саразми қадим буда, таърихи зиёда аз 4000 сола дорад, ки олимони Академияи илмҳо онро исбот кардаанд. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳоди тобеъаш иттилоъ дод. Ҳамчунин Раҳимӣ барои исботи гуфтааш китоби «Конгуртут»-ро рӯнамоӣ кард, ки натиҷаи ҳафриёти олимон дар Данғара дар ин китоб инъикос ёфтааст.
— Конгуртут ҳам дар Роҳи Абрешим қарор дорад ва ҳафриётҳое ки мо он ҷо гузаронидем, далел аст ки он таърихи зиёда аз 4000 сола дошта идомаи тамаддуни Саразми қадим аст, ки бинобар сабабҳои номаълум, пас аз рушди тамаддуни шаҳрдорӣ дар он ҷо мардум онро тарк кардаанд. Бинобар ин эҳтимол аст, ки баъди Саразм тамаддуни шаҳрдорӣ дар Конгуртут (имрӯза Данғара) рушд карда бошад. – гуфт, Президенти Академия илмҳо.
Ҳамчунин Раҳимӣ афзуд, ки бозёфтҳои олимони Академия аз Данғара ба Олмон ва Англия интиқол шуд ва дар лабароторияҳои байналмиллалӣ, бозёфтҳои нодир ва қадимӣ буданашон собит гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ