Исфандиёри Мирзо арӯсашро ба шавҳар дод

Сарояндаи ҷавону умедбахш Исфандиёри Мирзо аз мактаби ҳунарии ситораи дурахшонтарини эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбон об хӯрдааст.

Маҳз таронаҳои ин ҳунарманди асил шуълаи меҳри санъатро дар дили Исфандиёр фурӯзон намуда, ӯро ба коллеҷи мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бурд. Ин ҷавони ташнаи ҳунар айни замон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси овозхон фаъолият дорад. Азбаски Исфандиёри Мирзо иштирокчии озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” аст, мо ӯро ба идораи “Оила” даъват намудем.

-Исфандиёр, санъаткорӣ пешае аст, ки бештар бо хун, ҳамчун мерос аз насл ба насл мегузарад. Дар авлоди шумо касе ҳунари сарояндагӣ ё навозандагӣ дошт?

-Модарам Сайлигул Мирзоева сароянда буданд, вале баъди шавҳар кардан аз баҳри санъат гузаштанд. Аниқтараш падарам монеъ шуд. Дигарон касберо аз падар мерос бигиранд, ман ин пешаро аз модарам мерос гирифтаам.

Аз чандсолагӣ суруд мехонед?

Ёдам ҳаст, ки 8 ё 9- сола будам, ки суруд мехондам. Дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ баромад мекардам. Муаллимони мактаб ба хотири ҳунарам маро сахт дӯст медоштанд ва эрка мекарданд.

Ҳар як ҳунарманд таронае дорад, ки мисли шиносномааш аст. Исфандиёрро кадом сурудаш машҳур кард?

-Соли 2007  таронаеро бо номи “Гули ман” пешкаши мардум намудам, ки матнаш ба қалами устоди сухан, шоири маҳбуби тоҷик, зиндаёд Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошт. Соли 2012 суруди ҳиндиеро аз кинофилми “Аресто” сабт кардам, соли 2015 боз як таронаи ҳиндӣ сурудам бо номи “Дарди дил” ва он ҳам маҳбуби мардум гашт, аммо гумон мекунам, ки  байни сурудҳои банда “Зиндагӣ” мақоми хоса дорад. Мардум Исфандиёри Мирзоро маҳз тавассути ҳамин тарона, ки оҳангаш моли Ҳасани Чилла мебошад, шинохтанд.

Дар ансамбл кор кардан бароятон мақбул аст? Сабаби чунин савол доданамон дар он аст, ки вақте бо дигар ҳунармандон сари ин мавзӯъ суҳбат мекунем, аксарияташон мегӯянд, озод будан барои ҳунарманд беҳтар аст…

Ростӣ, бо 600 сомонӣ маоше, ки ба ҳунармандон медиҳанд, зиндагиро пеш бурда намешавад. Ман, ки ҳанӯз оиладор нестам, ба ҳар ҳол сарҳисоби зиндагиамро меёбам, вале гумон мекунам баъди хонадор шудан душвор хоҳад гашт. Алҳол кор карда истодаам, вале фардо чӣ мешаваду зиндагӣ моро боз ба куҷоҳо мебарад, инро танҳо Худованд медонад.

-Бадеҳае доред, ки басо ғамангез аст.  Асрори ҳамин таронаатонро донистан мехостем.

-Ман ин сурудро ба раҳматии хоҳарам бахшидаам, шояд аз ҳамин сабаб бисёр ғамангез садо медиҳад.

Шумо бисёр ҷавони хушқаду қомат ҳастед. Ошиқи чунин йигити чор кас медидагӣ кам набудагистанд?

Напурсед! Чунон бисёранд, ки дар интихоб роҳгум задаам. Метарсам, ки миёни мардум ҳамчун “Бабник-сароянда” машҳур нашавам. (Механдад)

Наход, чунин ҷавони зебо то ҳол арӯс наёфта бошад?

Духтаре, ки ман сидқан дӯсташ медоштам, 12- уми апрели соли 2011 шавҳар кард.

-Ғамгин нашавед, дунё ба умед аст. Худо хоҳад, боз ишқи ҳақиқӣ насибатон мегардад!

-Ман низ чунин умед дорам.

-Буд ҳолате, ки сахт руҳафтода шуда бошед?

-Бале, ҳар лаҳза ноумед мешавам.

Чаро?

Бе дастгирӣ дар роҳи санъат пеш рафта намешавад. Ягон сарпараст надорам, барои ҳамин баъзан навмед мешавам.

-Магар хабар надоред, ки ҳафтаномаи “Оила” озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро маҳз барои шумо барин ҷавонони навроҳ ташкил кардааст?

-Шунидам ва дар дилам шуълаяки умед фурӯзон гашт, ки шояд бо шарофати ҳамин озмун роҳи худро дар ҷодаи санъат пайдо мекунам. Аз ташкилкунандагони озмун  ва касоне, ки маро ба “Оҳанги ҷавонӣ” пешбарӣ намудаанд, миннатдорам!

-Муваффақ  бошед!

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *