Исфара: Боз марде ҳамсарашро кушт

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 45-солаи сокини шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд. Гумонбаршуда, 15-уми марти соли 2017, тахминан соати 22:30-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада ва аз ҳиссиёти рашк, ҳамсари 40-солаашро бо мушту лагад ба сару рӯй ва аъзоҳои баданаш зада, ба ҳалокат расонидааст.

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *