Исфара: Пешвои миллат дар боғи Сайфуддини Исфарангӣ

Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.

Тибқи нақшаҳои меъмории тасдиқгардида, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бунёди дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар — нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии ҳудуди боғ бо масоҳати 2,8 гектар сурат гирифт.

Дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфиддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфиддини Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти ин боғ оғози расмӣ бахшиданд.

Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони номовари адабиёти тоҷикӣ-форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст.

Зикр рафт, ки арзиши умуми Боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, асосан бунёди он тариқи ҳашар бо дастгирии корхонаҳои саноатӣ, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони саховатпеша ва аҳолии шаҳраку деҳоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман масоҳати зери таҷдид ва азнавсозӣ қароргирифтаи боғ 3,3 гектар буда, аз он зиёда 8000 метри мураббаъ масоҳати майдону роҳравҳо мебошад. Пудратчии асосии азавсозии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ҶДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», инчунин ҶСК «Шабакаҳои барқии Исфара», Қитъаи обтаъминкунии обу ташноб буда, фармоишгари иншоот Шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб меёбад.

Баъд аз анҷом ёфтани маросими пардабардорӣ аз болои муҷассамаи Сайфуддини Исфарангӣ  Пешвои миллат   Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони шаҳри Исфара ва намояндагони доираҳои адабӣ суханронӣ карда, бошандагони ин шаҳри бостониро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи арзандаи наврӯзӣ унвон карданд.

Дар суханронии Сарвари давлат перомуни нақши шоиру мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ, рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ин шаҳри агросаноатӣ, ҳамкории густурдаи давлат бо бахши хусусӣ, пешрафти соҳибкории хурду миёна ва инкишофи туризм дар шаҳри Исфара ибрози андеша сурат гирифт.

Дар ниҳояти чорабинӣ дар иртибот ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ барномаи мукаммали консертӣ доир шуд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *