Ишқ дар 15-солагӣ ва оиладории сохта. Манижаи Арабшо боз чӣ гуфт?

Ютубканали “Mehrob pro” Арабшо суҳбатеро дар ҳаҷми наздики 20 дақиқа бо ҳаҷвнигори гурӯҳи “Арабшо” Манижаи Арабшо нашр намуд, ки доир ба кору зиндагиаш маълумот медиҳад.

Саволҳои ин барнома дар лифофа ҳастанд ва мусоҳиб ҳақ дорад, ки саволи нахостаашро оташ занад. Ҳамин тавр, Манижа саволи аввалро оташ мезанад ва ба пурсиши дуюм, ки “Оё зани дуюми як марди одӣ аст?” ҷавоб медиҳад, ки ҳоло шавҳар надорад ва хостгорҳо метавонанд биёянд.

— Рости гап, ишқи аввали ман дар 15-солагӣ пайдо шуда буд. Мо бо ҳам расидем ва мутаассифона, ҷудо шудем ва ҳоло танҳоям. Дуруст, ки чанде пеш дар барномаҳо мегуфтам, ки шавҳари дуюм кардаам, вале он дурӯғ буд, зеро мехостам таваҷҷуҳи ҷинси муқобил камтар шавад,- гуфт ӯ.

Манижа дар давоми суҳбат доир ба қатъи ҳамкорӣ бо ҳунарманди дигари гурӯҳ Фахриддини Арабшо чунин мегӯяд:

— Дар ҷудошавӣ бо Фахриддини Арабшо ман на худамро ва на ӯро гунаҳкор намекунам, зеро ҳатман буданд одамони дигар. Ман на хурсандам ва на пушаймон. Яъне, боз ба гурӯҳи худам баргаштам ва корамро давом дода истодаам. Инчунин, Манижа боз чанд саволи дигарро, ки ба ӯ писанд наомадаанд ва ба ҷуз худашу баранда дигар касе аз онҳо хабардор нест, оташ зад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *