“Ишқи сархӯр”-и Кароматуллоҳи Мирзо

Нашриёти “Адиб” китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзоро таҳти унвони “Ишқи сархӯр” ба нашр расонид.

Нависанда зимни суҳбати телефонӣ ба Pressa.тj доир ба романи тозанашри хеш гуфт:
“Мавзӯи роман аз ҳаёти ҷавонон аст, аз зиндагии осуда, аз заҳмати дилсофонаи онҳо, ба манфиати Ватан, ҳифзи он ва ободию шукуфоиҳо, аз ишқ, аз меҳру вафо, ҷоннисорӣ, талош барои ба мақсад расидан. Ин ҳама дар асар ба қалам омада, маҳаки асосии ишқ, аҳду вафо, меҳр. Нависанда таъкид намуда, ки ишқ созанда ва сӯзанда ҳам мебошад. Оқибати ҳавою ҳавас нокомӣ. Ишқро ба гирдоб ҳам монанд кардаанд, гирдоб хавфовар “Ишки Сархӯр” номида шудани роман рамзӣ ҳам мебошад. Персонажҳо Исфандиёру Лутфия ба мақсад мерасанд, вале ишқ барои симоҳои дигари асар Фахрию Мӯниса рӯйсурхӣ намеорад. Гирифтори фоҷеъа мегарданд. Чаро? Аз чӣ сабаб? Кадоми онҳо гунаҳкору кадомашон не? Хонандаи гиромӣ романро мутолиа намуда, худ қазоват менамояд”.

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо яке аз адибони сермуҳсул ва серхонанда аст. Муаллифи даҳҳо қиссаю роман ва ҳикояҳо. Аз рӯи роман, қисса ва ҳикояҳояш силсилафилмҳои “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ”, “Нишони зиндагӣ”, ва филмҳои “Дарди ишқ”, “Меҳри модар” ба навор гирифта шудаанд. “Ишқи Сархӯр” дар қатори романҳои “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ”, “Моҷарои зиндагӣ” романи нави нависанда аст. Соли гузашта дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба табъ расида буд.

Инак дар ин рӯзҳо романи “Ишқи сархӯр’’ якҷоя бо романи машҳури дигари нависанда “Марги бегуноҳ” дар нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар шакли китоби алоҳида дастраси хонандагон гаштааст.
Давлат Сафар роҳбари нашриёти “Адиб” хабар дод, ки китоби нависанда аз Фонди захиравии Президенти кишвар ба нашр расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *