Ишқи фалокатбори Робия

Духтари шӯрободиро дар Кӯлоб кӣ ба қатл расонд?

Боз куштор! Боз аз хонаи тоҷик садои пурдарди «во балам»- гӯии модари зоре ба гӯш мерасад. Боз қомати як падар аз марги фарзанд шикаст. Боз як хонаи тоҷик мотамсаро гашт. Боз риштаи умри ҷавонеро дар айни шукуфоии ҳаёт барканданд. Духтараке, ки нахли умри ҷавонашро решакан карданд, ҳамагӣ 18 сол дошт ва аз ноҳияи дурдасти Шӯробод ба Кӯлоб илмомӯзӣ омада буд, вале…

Дар сукути қуллаҳо

Субҳи барвақт бо нияти фаҳмидани асрори ин ҳодисаи нохуш роҳи Вилояти Хатлонро пеш гирифта, қариб 300 км., роҳро тай намуда, ниҳоят қарибиҳои бегоҳ  мо ба зодгоҳи Робияи ғуррамарг расидем. Деҳаи Тошбулоқ ба ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ ноҳияи Шӯробод) дохил шуда, дар байни куҳҳои сар ба фалак кашида ҷойгир будааст. Талу теппаҳои атрофи деҳа гӯё дар сӯги Робияи ҷавонмарг азо гирифта, қабои зард ба бар карда буданд. Хонаи мотамзадаро бо кӯмаки мардуми заҳматкаше, ки дар ин талу теппаҳо киштукор намуда, бо обилаи кафи даст ризқу рӯзии фарзандонашонро мерӯёнанд, пайдо намудем.

Ҷамолбӣ, модари Робия:

Маро фиреб карданд

Дар пешайвони хона ду зани дар сар рӯймоли сафед баста нишаста буданд ва ҳар замон аз тиреза ба берун менигаристанд. Ҷониби хонаи онҳо тоб хӯрданамонро дида, яке аз занҳо аз рӯйи таомули тоҷикона аз ҷояшон бархоста ба истиқбол баромаду дигарӣ бо тамоми овоз ба “во балам” гуфтан сар кард. Нолаҳои зори зан дили санги хороро низ об мекарданд. Аз гиряи пурсӯзаш дарёфтем, ки ин зан модари Робия аст. Пас аз хеле гириста дилашро каме холӣ намудан ин модари зор аз газета будани моро фаҳмида чунин қисса кард:

-Духтарам дар Кӯлоб дар курси дуюми коллеҷ мехонд. Рӯзи якуми сентябр ду нону каме қанду қурс печонида ба дасташ додаму духтарамро ба Кӯлоб гусел намудам. Азбаски роҳамон дур аст, имкони ҳар рӯз омадану рафтан нест, барои ҳамин Робия ҳамроҳи ҳамсабақонаш дар хобгоҳ зиндагӣ мекард. Ҳар ҳафта 2-3 бор бо духтарам телефонӣ суҳбат карда аз ҳолу аҳволаш бохабар мешудам. Ягон бор шикоят накарда буд, ки касе ӯро озор медиҳад ё таҳдид мекунад, барои ҳамин дилам аз Робия пур буд, ки тинҷу осуда аст. Пеш аз ин ҳодисаи нохуш низ ба хона телефон карда бо ману апаҳояш гап зада буд. Ман одами дардмандам, фишорам тез-тез баланд мешавад, духтараки меҳрубонам чизеро ҳис кардагӣ барин, чанд бор гаштаю баргашта “очаҷон, худатонро эҳтиёт кунед” гуфта телефонро хомӯш кард.

-Хабари марги духтаратонро кӣ ба шумо расонд?

-Рӯзи ҷумъа раиси маҳалла омада гуфт, ки аз вазорат меҳмонҳо меоянд, хонаи шумо наздик аст, онҳоро дар ҳамин ҷо ҷой мекунем. Розӣ шудам. Азбаски дар фасли тобистон ҳавои мо пур аз хоку чанг аст, қолинҳоро ҷамъ карда монда будам. Духтарҳои ҳамсоя омада хонаҳоро рӯбучин карданду қолинҳоро аз нав густурданд. Дар як дам хона пур аз одам шуд. Байни худ пичир-пичиркунон чизе мегуфтанд, вале ҳамин ки ман наздик мешудам, ба даҳонашон об гирифтагӣ барин, ҳама якбора лаб фурӯ мебастанд. Ин рафторашон дар дилам тухми шубҳа кошт. Ҳис кардам, ки ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст. Шавҳарам ронанда ва мудом дар роҳ аст, барои ҳамин дилам аз вай хавотир буд, хаёл кардам, ки падари фарзандонам ба садама гирифтор шудааст. Дасту поям суст шуд, дигар мадори роҳ гаштан надоштам, базӯр худамро ба даст гирифта ба мардакам занг задам. Овозаш ким-чихел ғамолуд буд, вале ҳарчанд пурсупос кардам, чӣ ҳодиса рӯй доданашро нагуфт. Ба Робия занг задам, телефонаш хомӯш буд. Гирякунон ба ин тарафу он тарафи  ҳавлӣ рафта, чӣ кор карданамро намедонистам. Дилам ангишт барин сиёҳ шуда аз пешомади ногуворе дарак медод, вале ҳарчанд мепурсидам, касе ба ман намефаҳмонд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Рақами телефони яке аз дӯстони шавҳарамро медонистам. Ба ӯ занг зада зорӣ кардам, ки рости гапро гӯяд. Ҷӯраи шавҳарам оҳи сард кашида гуфт, ки Робия касали вазнин шудаасту дар беморхона аст. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам, аз ҳуш рафтаам. Соатҳои 2-3-и шаб  ба ҳуш омадам. Гирду атрофам пур аз одам буд. Сарамро аз болишт бардошта дидам, ки касе дар байни хона хоб аст. Пурсидам, ки ӯ кист ва чаро дар байни хона хоб аст. Гуфтанд, ки ин ҷасади духтарам аст, Робияро дар Кӯлоб куштаанд…

Робия духтари бачабоз набуд

Модари Робияи ғӯрамарг мегӯяд, духтараш бачабозу беҷогард набуд. Дар хабарҳои расмӣ оиди ин куштор низ таъкид шудааст, ки қотил ба номуси ин духтараки 18-сола дастдарозӣ накардааст.

-Робияи ман парӣ барин хушрӯй буд. Рӯйи гирди сап-сафеду қаду қомати расо дошт, мӯйҳои дарозаш ба лаби домонаш мерасиданд. Талабгоронаш бисёр буданд, вале ӯ  ба ягонтоашон аҳамият намедод. Духтарам беҷогард ва зудбовар набуд, барои ҳамин аз ӯ дилам ҳамеша пур буд, ки сари ману падарашро дар байни мардум хам намекунад. Қотил кист ва барои чӣ гул барин духтарамро куштааст, намедонам…

Холаи Ҷамолбӣ аламҳои дилашро гуфта, мисли абри навбаҳор зор-зор мегиряд. Ғами марги фоҷиавии духтари фаришта барин зебою беозораш ӯро руҳан куштааст. “Афсӯс, ки одамизод қисматашро намедонад, агар медонистам, ки духтарам бо пойи худаш ба Кӯлоб хонданӣ мераваду аз он тараф ӯро кафанпеч меоранд, дар ду дунё ба рафтанаш розигӣ намедодам. Намемондам, ки пояшро ҳатто як қадам аз дарам берун гузорад…”,- мегӯяд ин модари зор рӯю мӯяшро канда ва селоби ашк рухсораҳои бар асари беморӣ сурхгаштаашро мешӯяд, вале замин сахту осмон баланд аст, тақдирро тадбир карда намешавад.

Холаи марҳум:

Робия паҳлавондухтар буд

Духтар бошад ҳам, ба Робия зӯри ҳар кас намерасид, чунки ҷисман хуб обутоб ёфта, бақувват буд. Ман фикр мекунам, ки зӯри қотил ба вай нарасидааст, барои ҳамин гулӯяшро буғӣ карда куштааст. Духтари бо нангу номус буд, намемонд, ки касе дар ҳаққаш ягон сухани ноҷо ё носазо бигӯяд. Муаллимони мактаб тавсия додаанд, ки Робия ба ягон донишгоҳ дохил шавад. Духтари аълохон аст, ояндаи дурахшон дорад гуфтанд, вале…  Дар хонаам лою андова мекардам, ки ин шумхабарро расонданд, чӣ хел то хонаи апаам расидам, худам медонаму Худованд. Вақти шустан худам тамоми аъзои баданашро аз назар гузарондам, ягон изи сиёҳу кабуд ё нишонаи дигари латхӯрӣ дар танаш набуд, фақат дар бехи гӯши росташ пайи се ангушт буд, аз пушти сараш бошад, хун мерафт. Чанд бор латтаҳоро иваз карда, хеле кӯшиш намудем, ки хунравиро манъ кунем, лекин нашуд. Ду болишт то ҷасадашро дар тобут ниҳодан пур аз хун шуд. Одамони ба ҷаноза омада гуфтанд, ки то гӯристон аз кафанаш хун чакида-чакида рехтааст. Дилам ба падараш месӯзад, бечора язнаам хабари куштори духтарашро шунида аз тарс кар шудааст, гапро базӯр мешунавад…

Модари Робия:

Сари шавҳарам вайрон аст

Вақте баъд аз ташхиси экспертиза ҷасади духтарамро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор карда ба хона овардан мехоҳанд, шавҳарам мисли он ки ақлашро гум карда бошад, ба мошини худаш нишаста ба корхонааш рафтанӣ шудааст. Ҷӯраҳояш ӯро аз мошин фароварда аз дасташ гирифта ба ин мошин савор мекунанд. Мо аз соли 1983 инҷониб якҷоя зиндагӣ карда истодаем, вале то рӯзи марги Робия ягон вақт мардакамро чунин шикастаруҳ надида будам. Худованд ба мо писар надода бошад ҳам, ягон бор падари фарзандонам маро духтарзой гуфта таъна назадааст. Шукри Худо панҷ духтарро бо обрӯ хонадор карда, соҳиби 8-10 набера шудем, вале ҷойи Робия дигар буд. Шавҳарам ӯро аз ҳама фарзандонамон бештар дӯст медошт ва бисёр эркаю азиз мекард. Аз ҳамин сабаб марги духтари нозпарвардашро ин қадар бо дард қабул кард. Аз рӯзе, ки ҳамин ҳодисаи нохуш рӯй дод, мардакам ба худ нест, сараш вайрон шудааст, ягон гапро намебардорад….

Бекмурод Одинаев, падари марҳум:

Як духтараки ношинос занг заду…

“Баланд гап занед, ки суханатонро намешунавам”,-сари то ин дам ба сукут рафтаашро андаке боло карда гуфт падари ғамзада, ки чашмонаш ҳавзи об буданд. Вақте ки чӣ тавр аз фоҷиа огоҳ шуданашро пурсон шудем, Бекмурод Одинаев оҳи сард кашида гуфт:

-Аз як рақами ношинос ба телефонам занг омад. Гӯшакро бардоштам. Як духтараки ношинос салому алейк карда гуфт, ки духтаратон Робия касал шуда, дар беморхона аст, зудтар расида биёед. Дар дилам алов афтидагӣ барин бетоқат шудам. Худ ба худ мегуфтам, ки духтарам сип-сиҳат буд, ягон беморӣ надошт, аниқ бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй додааст, ки ба беморхона бурдаанд. Вақте ки ба беморхона расидам, аллакай гирду атроф пур аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Онҳоро дида изтироби қалбам даҳчанд гашт. Баробари аз дар даромаданам табибон маро саволборон намуданд, ки духтаратон ягон бемории руҳӣ, припадка ё эпилепсия дош ё не. Гуфтам, ки комилан солим буд, ягон вақт ҳатто сараш дард накардааст. Вақте хабари марги духтарамро шунидам, хаёл кардам, ки дунё дар сарам якбора чаппагардон шуда, маро дар зери бори гаронаш маҷақ-маҷақ кард. Қотил кист, намедонам, вале касе, ки  набошад, вай танҳо Робияро не, маро ҳам бе корд кушт. Дар экспертиза баъди ташхиси ҷасади духтарам гуфтанд, ки ба номуси духтарам даст дароз накардаанд, яъне қотил ӯро таҷовуз накардааст. Робияи парӣ барин хушрӯю фаришта барин беозори моро кӣ ва барои чӣ куштааст, намедонам…

Қотилу мақтул ошиқу маъшуқ буданд?

Вақти гусел модари марҳум оҳи сард кашида гуфт, ки аз ин ҳодисаи талх аллакай шаш-ҳафт рӯз гузашта бошад ҳам, касе аз кормандони мақомоти дахлдор аз дарашон надаромадааст. Аз рӯйи маълумотҳои ба мо расида, шахси духтаракро ба қатл расонида бегона не, дӯстдоштаи худи Робия будааст ва гӯё волидонаш ба хонаи падари Робия ҳатто хостгорӣ рафта будаанд, вале модари марҳум ин хабарро рад намуда гуфт, ки онҳо ӯро тамоман намешиносанд ва духтарашон дар бораи нағздида доштанаш ягон бор ҳатто даҳон накушодааст. “Боварам намеояд, ки духтарамро куштаанду дигар бар намегардад. Рӯз то бегоҳ чашмам ба роҳ аст, гумон мекунам, ки ҳозир бо ҳамон хандаи базебаш аз дар даромада, очаҷон гӯён маро ба оғӯш мегирад…”,- оби дидагонашро поккунон мегӯяд модари ин арӯсаки номуроди рӯйи бахту тахт ва чодари арӯсиро надида…

Бо волидони мусибатзадаи Робияи ғуррамарг хайрухуш намуда, мо роҳи шаҳри Кӯлобро пеш гирифтем, то бо устодон ва ҳамсабақони Робия ҳамсуҳбат гашта, асрори маргашро кушоем.

Муаллимон чӣ мегӯянд?

Ҷӯрахон Самадов, мудири бахши кадрҳои Муассисаи давлатии таълимӣ-литсеи касбии техникӣ ва сохтмонии шаҳри Кӯлоб, нисбати ин ҳодиса чунин гуфт:

-Одинаева Робиямоҳ дар курси дуюми шуъбаи ҳисобчӣ бо донистани компютери коллеҷи мо таҳсил мекард. Духтари қобилиятнок, аълохон ва боинтизом буд. Одобу рафтори намунавӣ дошт. Рӯзи 8-уми сентябр ба хотири он ки дар пеш ҷашни Истиқлолият буд, хонандагонро аз дарс озод карда, гуфта будем, ки метавонед ба хонаҳоятон равед. Робия аз хобгоҳ баромада ҳамроҳи як дугонааш бо сабабҳои ба мо номаълум ба ҷойи ба хонаи худашон рафтан ба хонаи кадом як шиносаш рафтааст. Тибқи маълумотҳое, ки баъдан ба мо расиданд, гӯё духтар бо он ҷавон номзад будааст. Ҷавоне, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун гумонбар дар куштори Робия Одинаева дастгир карда шудааст, ягон маротиба ба коллеҷи мо наомадааст. Ман ӯро намешиносам, бинобар ин, дар борааш чизе гуфта наметавонам.  Фақат ҳаминашро медонам, ки рӯзи 9-уми сентябр ин ҳодисаи ногувор дар хонаи ҳамон ҷавон рӯй додааст.

-Шояд Робия имконияти иқтисодии ба хонаашон рафтан надошт?

-Донишҷӯёне, ки шароити ба хонаҳояшон рафтан надоранд, рӯзҳои истироҳат низ дар хобгоҳ зиндагӣ карда метавонанд. Хобгоҳ ҷойи амн ва бехатар аст, чунки ҳамарӯза навбатдор дорад. Мудири хобгоҳ ва мураббияҳо касеро бе иҷозат ба хобгоҳ даромадан намемонанд. Робия дар хобгоҳ мемонд, шояд ин ҳодисаи ногувор бо ӯ рӯй намедод…

Зуҳроро ба мақомот бурданд ё…?

Мо бисёр мехостем бо духтараки рӯзи маргаш ҳамроҳи Робия Одинаева буда, ки Зуҳро ном доштааст, ҳамсуҳбат гашта, бо гумонбар- Фирӯз Ҳомидов, донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии ш. Кӯлоб чӣ робита доштани Робияро пурсон шавем, вале яке аз омӯзгорон садди роҳамон гашта, нагузошт, ки ба утоқи дарсӣ дароем ва ваъда дод, ки худаш духтарро ба наздамон меорад. Интизориамон қариб як соат тӯл кашид. Маҷбур шудем донишҷӯеро ба суроғи он муаллим фиристода, ёдрас намоем, ки мо то ҳол Зуҳроро интизорем. Омӯзгор дубора ба наздамон баромада гуфт, ки Зуҳроро барои бозпурсӣ ба мақомот бурдаанд. Ҳадафи ин устоди коллеҷ аз як соат интизор кардани мо чӣ буд? Зуҳроро дар ҳақиқат ба бозпурсӣ бурда буданд ё ӯро қасдан аз мо пинҳон карданд, то духтарак ягон сирри ниҳонро фош насозад, бароямон норавшан монд…

 Маҳинаи Давлат

Душанбе- н. Ш. Шоҳин-Кӯлоб-Душанбе

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *