Ишқи фоҳиша писарамро кушт
Писарам Шаҳноза ном духтареро сахт дӯст медошт. Эҳсос мекардам, ки писарам дар ишқи он духтар волаю шайдо гаштааст, чунки рӯзе чанд бор бетоқатона ба ӯ занг мезад ва Худо накарда телефонро набардорад, рост ба хонаашон мерафт. Ҳама рафтору кирдори бади он духтаракро хуб медонистанд ва насиҳат мекарданд, ки писарамро аз роҳи хато баргардонам, вале духтар сари бачаамро чунон гаранг карда буд, ки чашмонаш ба ҷуз вай дигар касеро намедиданд. Як рӯз писарам ба Шаҳнозааш гуфтааст, ки бегоҳ модарамро ба хонаатон мефиристам. Шаҳноза пурсидааст, ки барои чӣ мефиристӣ. Барои хостгорӣ гуфтааст Акбари ман дар ҷавоб. Духтари ғуломи пулу мол ба ҳоли писаракам хандида гуфтааст, ки ту дар бисотат ба ғайр аз модарат дигар чӣ дорӣ, ки зан гирифтан мехоҳӣ?! Пул надорӣ, мол надорӣ, мошин надорӣ, падари ман чунин домодро ба сарашон мезанад?! Акбарҷони ман сари нангу номус омада: «Шаҳноза, маро бо чашми кам мабин, ба хотири ту ман ба муҳоҷират рафта кор мекунам ва Худо хоҳад, соҳиби ҳама чиз мешавам» гӯён, бедимоғ ба хона баргаштааст. Ҳамин тавр ду рӯз пас ба хотири ишқу муҳаббаташ писарам рахти сафар баста ба мулки рус пулкоркунӣ рафт, то бо маблағи кироӣ баргашта, бо тӯю тамошо маҳбубаашро ба хона биёрад. Бачаи бечораи ман ба хотири ин духтар дар мулки бегона ранҷу азоб мекашиду Шаҳнозаи бевафо бошад, дар ин ҷо бо кайфу сафои худаш машғул буд ва заррае парвои Акбар надошт. Як рӯз ҷӯраҳои писарам ба мошини бадвоҳимае нишастани Шаҳнозаро дида пайгирӣ мекунанд. Ронанда мошинро дар лаби ғоре нигоҳ доштааст ва аз он се марди тануманд фаромада ҳамроҳи Шаҳноза ба ғор даромадаанд. Дар он ҷо қариб як соат ҳаял карда, онҳо чӣ номаъқулиҳо кардаанд, танҳо Худо медонаду худашон. Ҷӯраҳои писарам ҳамаашро дар телефонҳояшон сабт карда оварда ба ман нишон доданд. Бо дидани он наворҳо ҳуш аз сарам парид. Намехостам писарам барои ин духтари тардоман дар мулки ғарибӣ азоб кашида гардад, барои ҳамин худро бемор вонамуд сохта, аз Акбарҷон хоҳиш кардам, ки ҳарчи зудтар ба Ватан баргардад. Ҳамон шоми ба Ватан баргаштанаш ҷӯраҳояш наворҳоро ба писарам нишон додаанд. Акбарҷони ман, ки бисёр бачаи баномус буд, ба шармандагии арӯси хиёнаткораш тоб наоварда баъди рафтани дӯстонаш раги дастонашро бо корд буридааст. Мани бадбахт вақте аз ин ҳодиса хабардор шудам, ки писаракам дар талвосаи ҷонканӣ буд. Акбарҷонро дарҳол ба духтур бурдем. Табибон ҷонашро харида бошанд ҳам, писарам ақлашро аз даст дода девонаавзоъ шуда монд. Қариб 13 сол касалбонӣ кардам, вале писарам дигар ба худ наомад ва оқибат бо дарду доғи Шаҳнозаи фоҳиша ин дунёро падруд гуфт. Зиндагӣ баъди марги писарам дар назарам бемаънӣ менамояд. Дигар зистан намехоҳам. Шабу рӯз Худоро зорӣ мекунам, ки ҷони маро бигирад, то ба назди Акбарҷонам равам, вале парвардигор ҳам нолаҳои зори дили сӯхтаи маро намешунавад….
Модари дунёбезор- Шоистахон, аз ш. Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ