Ишкошим- мавзеи дӯстдоштатарин барои сайёҳон
Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистонро чун як кишвари ҷолиби сайёҳӣ эътироф кардаанд ва аксари ниҳодҳои сайёҳии байналмилалӣ сарзамини моро ба қатори беҳтарин кишварҳо барои сайёҳӣ шомил кардаанд.
Дар рўйхати мусоидтарин кишварҳо барои саёҳати Globe Spots, дар даҳгонаи беҳтарин Тоҷикистон дар ҷои дуввум қарор дода шудааст, зеро Тоҷикистон дар роҳи корвонгузари қадим — «Роҳи Абрешими бузург» ҷой гирифта, Аврупоро ба кишварҳои Шарқ мепайвандад. Сабаби дигари онро ба обҳои шифобахши табиии Тоҷикистон марбут медонанд, ки мисоли он «Гармчашма»-и Ишкошим буда метавонад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ишкошим таъкид дошт, ки «Бадахшон ҳамеша бо табиати пурасрору нотакрори худ таваҷҷуҳи ҳазорон олимону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд».
Ҳарчанд давоми чанд соли ахир шумораи меҳмонони хориҷие, ки аз Бадахшон дидан мекунанд, зиёд шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз имкониятҳои фарохи истифоданашудаи ин макон бисёранд.
Аз ҷумла рушди туризм дар Бадахшон тавассути густариш додани бахшҳои кӯҳнавардӣ, сайёҳии экологӣ, таърихиву фарҳангӣ ва муолиҷа аз тариқи обҳои шифобахш таъмин мегардад.
Солҳои охир дар осоишгоҳҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Бибӣ Фотимаи Зӯҳро», «Ширгин» ва «Зонг» шароити мусоид барои истироҳату табобати меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст.
Сайёҳони хориҷӣ дар мавриди табиати нотакрори Тоҷикистон ақидаи мусбӣ дошта, аксаран зимни боздид бо ҳаяҷон таъкид медоранд, ки ин кишвар воқеан сазовори дӯстдорӣ ва ифтихор аст. Онҳо аз сулҳу субот ва оромиву осудагӣ дар мамлакати мо ситоиш мекунанд, ки бо вуҷуди паси сар гузоштани ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаммарз будан бо Афғонистон тавониста, ки суботи комилро дар қаламрави хеш таъмин намоянд.
Сайёҳони хориҷӣ мегӯянд, ки «ҳар ҷаҳонгарде, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад, орзуи дубора меҳмони ин кишвари биҳиштосо шуданро дорад».
Аммо, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки маҳз истиқлол ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ боиси рушди бемайлони тамоми бахшҳо, аз ҷумла туризму ҷаҳонгардӣ аст.
Истиқлол шоҳроҳест, ки моро ба кӯи мақсуд мебарад. Ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб аст. Ваҳдату истиқлол ду неъмати бебаҳову беамсол барои миллати куҳанбуёди тоҷик аст ва ман бовар дорам, ки ҳар фарди ватандӯсту ватанхоҳ талош хоҳад кард, ки барои пойдории он саҳм гузошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ