«Иштибоҳи хеле бузург»-и вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ чист?
ИМА ва Чин роҳҳои овардани Кореяи Шимолиро ба музокироти безарарсозӣ баррасӣ мекунанд.
— Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки Сун Ким, намояндаи вижаи Кореяи Шимолӣ ва Лю Сяоминг, ҳамтои чинии ӯ роҳҳои ҷалби Кореяи Шимолиро ба музокира дар бораи безарарсозии силоҳи ҳастаӣ баррасӣ кардаанд,- хабар медиҳад «Интерфакс».
«Намояндагони вижа Сонг Ким ва Лю Сяоминг роҳҳои пешбурди ҳадафи муштараки безарарсозии нимҷазираи Корея ва чигунагии ташвиқи КХДР ба музокираҳои созандаро баррасӣ карданд»,- гуфта мешавад дар изҳорот.
Қайд карда мешавад, ки «Штатҳои Муттаҳида тарафдори дипломатияи ҷиддию пай дар пай бо КХДР мебошад».
Қаблан хоҳари Ким Чен Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Йе Ҷонг гуфта буд, ки КХДР Кореяи Ҷанубиро рақиби аслӣ намеҳисобад ва нахоҳад аввал ба он ҳамла кард.
Вай инчунин изҳор дошт, ки агар Сеул «ба бархӯрди низомӣ ворид шавад», кишвар аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард. Вай қайд кард, ки эълони зарбаи пешгирикунанда алайҳи КХДР аз ҷониби вазири дифои Кореяи Ҷанубӣ «иштибоҳи хеле бузург» аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ