Иштироки ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҷавонони Узбекистон

Аз 25 июн то 1 июли соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон доир мегардад.

Дар ин форум аз Тоҷикистон 61 нафар иштирок мекунанд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ҷиҳати иштирок ва муаррифии сиёсати давлатии ҷавонон дар форум ҳайати 61 — нафараи ҷавонони кишвар тариқи автобус Узбекистон сафар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии ҷавонони Ҷумҳурии Узбекистон давоми ҳафт рӯз доир гардида, дар он ҷавонон аз 100 давлати ҷаҳон ҷамъ меоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *