Иштироки “Амонатбонк” дар намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024”

24 октябр аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе “DUSHANBE EXPO CENTRE” намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон 2024” баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур дар баробари ширкату корхонаҳо ва молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ ҳамзамон як қатор ташкилоти қарзии кишвар низ маҳсулоти бонкии худро ба маъраз гузоштанд.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон“Амонатбонк”” низ дастовардҳои соҳавӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳои хешро ба иштирокдорони намоишгоҳ муаррифӣ намуд.

Ташкил ва багузории намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ ва дар ин самт вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба бо шарикони хориҷӣ мусоидати фаъол менамояд.

Намоишгоҳи мазкур аз санаи 24 ум то санаи 26 уми октябри соли ҷорӣ идома ёфта, шаҳрвандони кишвар метавонанд аз он дидан намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *