Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар Хоруғ

13 октябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ намуд.

“Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукуҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуданд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Сарвари давлат бо арҷгузорӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатиро масъулияти бузурги маънавии мардум дар назди имрӯзу ояндаи давлат, миллат ва Ватан унвон намуд.

default

Гуфта шуд, ки “мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хуб дар ёд доранд, ки кишвари мо дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он масири бениҳоят вазнину душвор ва пур аз монеаву мушкилотро сипарӣ намуд. Вале мардуми мо ин роҳи душвору сангинро ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан бо сабру таҳаммул ва заҳмати содиқонаву аҳлона тай карданд”.

Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти сокинон бартараф гардида, симои шаҳру ноҳияҳо куллан дигаргун шуд ва чунонки имрӯз мебинем, маркази вилоят ва як қатор ноҳияҳои он ба шаҳри замонавӣ табдил ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми вилоят даъват намуд, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расида, ин неъматҳои муқаддасу бузурги ҳаётро эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *