Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар нишасти СААД

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳо дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ» машварат баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои ин Созмон ба таври ҳам ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш Тоҷикистонро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода намояндагӣ карда, доир ба мавзӯи рӯзномаи машварат ва назари Тоҷикистон дар ин масъала сухан гуфтааст.

Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкории фарогир бо давлатҳои аъзои СААД ҷиҳати таҳкими амнияти милливу давлатӣ ва самти авлавиятноки сиёсати хориҷии давлат аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Тавре зикр гардидааст, фаъолияти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони мазкур ҳадафи эҷоди василаҳои самарабахши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро пайгирӣ мекунад. Аз ин рӯ, узвияти ҷумҳурӣ дар ин Созмон аз омилҳои муҳими таъмини амнияти мамлакат ва ҳифзи субот дар минтақа ба шумор меравад.

Иброз гардидааст, ки Тоҷикистон ба ҳайси яке аз давлатҳои асосгузори Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар тӯли таърихи фаъолияти ин Созмон барои густариш ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи масъулияти Созмони мазкур саҳми назаррас гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *