Иштироки раиси Амонатбонк дар маросими кушодашавии барномаи GEFF Tоҷикистон II

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маросими кушодашавии барномаи GEFF (Green Economy Financing Facility) Tоҷикистон II баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки 26 сентябр доир шуд, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ иштирок ва суханронӣ кард.   
Дар оғоз таҳти мавзӯи “Афзоиши сармоягузориҳои бахши хусусӣ барои иқтисоди сабз ва сабзгардонии низомҳои молиявӣ”  мубоҳисаи панелӣ баргузор гардид. Дар он Нигина Анварӣ,  муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон,  Икромӣ Сироҷиддин Салом — раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»”, Шоира Содиқова —  раиси раёсати ҶСП Бонки «Арванд», Фирдавс Маюнусов- раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ҲУМО», Андрей Палка — раиси раёсати ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН Интернэшнл» андешаҳои худро оид ба муҳимияти барномаи GEFF изҳорӣ андеша карданд.  

Аз ҷумла, Сироҷиддин Икромӣ нақши муассисаҳои молиявӣ, махсусан Амонатбонкро дар пешбурди амалҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мубориза бо тағйирёбии он, хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар хотима Ёддошти тафоҳум байни Амонатбонк ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд. Инчунин, дар як гӯшаи чорабинии мазкур маҳсулоти Амонатбонк ба намоиш гузошта шуда буд, ки меҳмонон ва мизоҷон оид ба хизматрасониҳои ин бонк, алалхусус қарзҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *