Иштироки ректори ДМТ дар ҳамоиши илмӣ дар шаҳри Тошканд

7-уми июли соли равон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин дар ҳамоиши илмии “Донишкадаи Конфутсий ва омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо” ширкат ва суханронӣ намуд.

Ин ҳамоиши илмӣ ба истиқболи 20 — солагии таъсисёбии Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Норбоева, аъзои Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Анҷумани 21 Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раис ва котиби ҳизбии кумитаи доимии 19-умин Маҷлиси умумичинии намояндагони халқ Ҷао Лэҷи, вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон К.А. Шарипов, вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуай Ҷинпэн, муовини раис ва Котиби калони Фонди байналмилалии таълимоти забони чинӣ Ҷао Ҷиншан, муовини директори генералии Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Чин бо хориҷи кишвар дар соҳаи забони назди Вазорати маорифи Чин Ху Ҷинпин, Котиби генералии кумитаи ҳизбии Донишгоҳи Ланҷоу Ма Сяозе, Ректори Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд Рихсиева Г.Ш., ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. ва як қатор роҳбарону намояндагони муассисаҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат намуданд.

Ректор атрофи фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ суханронӣ намуда, қайд кард, ки таъсис ва фаълияти назарраси Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ шаҳодати сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи илму фарҳанг мебошад. Ҳамзамон, иброз дошт, ки Донишкадаи Конфутсий дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва фестивалҳо фаъолона иштирок намуда, бо ин васила дӯстии миёни мардумони ду кишварро таҳким мебахшад.

Дар охир аз ҷониби Эмомалӣ Насриддинзода ҳамчун рамзи эҳтиром ба раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Узбекистон, вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири маориф, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *