Иштироки Русия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 манъ шуд
Дар пайи амалиёти низомии Русия дар хоки Украина Аврупо ва Амрико дар қатори таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ алайҳи варзиши Федратсияи Русия низ таҳримҳо ҷорӣ карданд. Созмони ҷаҳонии футбол (FIFA), Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболии Аврупо (UEFA), Иттиҳодияи байналмилалии конкитозон (ISU) иштироки варзишгарони Русияро дар тамоми мусобиқоте, ки бо мушоияти ин созмонҳо баргузор мешаванд, манъ карданд.
— Созмони ҷаҳонии футбол ва Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболии Аврупо ба қароре омадаанд, ки варзишгарони русро аз ҳуқуқи иштирок дар тамоми мусобиқот маҳрум кунанд,- хабар медиҳад РИА “Новости”.
Иттиҳодияи футболи Русия (ИФР) хабар додааст, ки ба тасмимҳои гирифтаи FIFA ва UEFA розӣ нест ва дастаҳои русӣ бояд дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок кунанд.
“Ин таҳримот метавонанд дар рушди соҳаҳои варзиш дар кишвари мо зарбаи шадид ворид кунанд, аз ин хотир, мо ба қарори баровардаи FIFA зид мебошем”,- гуфта шудааст дар изҳороти расмии ИФР.
Дар рӯзҳои аввали амалиёт FIFA ва UEFA тасмим гирифтанд, ки дастаҳои Русия бо номи «дастаи мунтахаби ИФР» ва ҳамчунин бидуни парчаму суруди миллӣ баромад хоҳад кард, аммо баъдтар ин тасмим шадидтар карда шуд ва дар натиҷа Русия аз ҳаққи иштирок дар мусобиқоти ҷаҳониву қоравӣ маҳрум гардид.
Дастаҳои мунтахаби Лаҳистон, Шведсия, Швейтсария ва Ҷумҳурии Чех аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Русия даст кашиданд. Русия барои ба финали Ҷоми ҷаҳон-2022 расидан бояд бо Лаҳистон ва дар сурати муваффақ шудан, бо дастаҳои зикршуда мубориза мебурд. Ҳамин тавр, FIFA Русияро аз ин бозиҳо маҳрум кард.
UEFA дар аввал тасмим гирифт, ки финали Лигаи футболи чемпионҳои Аврупоро аз Санкт-Петербург ба Париж кӯчонад. Сипас, клуби футболи “Спартак”-и Маскавро аз ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо маҳрум кард. Дар ин марҳила клуби русӣ бояд бо дастаи олмонии “Лейпсиг” рақобат мекард. Дар сурати баргузор нашудани ин рақобат клуби олмонӣ метавонад мустақиман ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирад.
Дастаи футболи «Шалке» аз Олмон ва UEFA аз сарпарастии ширкати русии “Газпром” даст кашиданд. “Газпром” аз соли 2007 сарпарасти расмии дастаи “Шалке” ба ҳисоб мерафт.
Дастаи мунтахаби футболи занонаи Русия бояд дар чемпионати Аврупо, ки аз 6 то 31-уми июл дар Англия баргузор шавад, иштирок мекард.
Иттиҳодияи байналмилалии конкитозон низ тасмим гирифт, ки варзишгарони Русия ва Белорусро аз ширкат дар мусобиқаҳои зери мушоияташ маҳрум кунад. Ин ташкилот намудҳои варзиши рақси рӯйи ях, шорт-трек ва давидан бо конкиро сарпарастӣ мекунад.
Иттифоқи хоккейи Финляндия пешниҳод кардааст, ки Русия ва Белорусия аз ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии хоккей, ки дар шаҳрҳои Тампер ва Хелсинки баргузор мешавад, маҳрум карда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ