Иштироки варзишгарони тоҷик дар Гран Прии Тел Авив

Имрӯз дар Исроил мусобиқаи байналмилалии дзюдо – Гран Прии Тел Авив оғоз мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа, ки аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон) сурат мегирад, 548 варзишгар (315 мард, 233 зан) аз 83 давлат иштирок менамоянд, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба Исроил сафарбар гардиданд, ки дар 6 вазн миёни мардон гуштин мегиранд:

-Давлаталӣ Назаралиев (-60кг)

-Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг)

-Сомон Маҳмадбеков (-73кг)

-Акмал Муродов (-81кг)

-Комроншоҳ Устопириён (-90кг)

-Саидҷалол Саидов (-100кг)

-Темур Раҳимов (+100кг)

-Шакармамад Мирмамадов (+100кг).

Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, қувваозмоиҳо чун анъана се рӯз идома меёбад. 23 январ варзишгарони вазнашон -60кг, -66кг (мардон) ва -48, -52кг, -57кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Аз миёни варзишгарони мо танҳо Давлаталӣ гуштин мегирад. Ӯ дар даври аввал озод аст. Ҳарифаш дар даври дуюм Гусман Қирғизбоев аз Қазоқистон мебошад.

Дар рӯзи дуюм қувваозмоиҳои вазнҳои -73кг, -81кг (мардон), -63кг, -70кг (бонувон) доир мегардад, ки се варзишгари мо – Беҳрӯз, Сомон ва Акмал барои ба даст овардани ҷоизаҳо талош мекунанд. Беҳрӯзу Сомон дар даври аввал озоданд, Акмал бо Кристиан Тонисте аз Эстония рақобатро шурӯъ мекунад.

Гуфта мешавад, ки дар рӯзи ниҳоӣ сангинвазнҳо -90кг, -100кг, +100кг (мардон), -78кг, +78кг (бонувон) рӯи татамӣ мебароянд. Дар рӯзи сеюм мо шоҳиди ҳунарнамоии 4 паҳлавонамон мегардем. Комроншоҳ ва Темур дар даври аввал озоданд. Ҳарифи Саидҷалол дар даври аввал Левис Медина аз Доминикан ва ҳарифи Шакармамад Бегболот Токтогонови қирғизистонӣ мебошанд.

Чун анъана, ғолибони ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ мегиранд – барои ҷои якум 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ. Ҳамчунин, варзишгарон соҳиби хол гардида мавқеашонро дар радабандии ҷаҳон ва олимпӣ беҳтар мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *