Ислоҳоти илм аз куҷо бояд оғоз шавад?

Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маориф

— Пешгирии “фирори мағзҳо” ва баргардонидани олимон аз хориҷа;

— Бартарӣ ба забони англисӣ ва алифбои форсӣ;

— Гурез аз “Гӯристони иқтибос”;

— Чаро пажӯҳишгарони хориҷӣ ба таълифоти олимони мо таваҷҷуҳ надоранд?

— Мубориза бо доктор ва академикҳои қалбакӣ;

— Ҳамкорӣ бо “дӯстони Тоҷикистон”.

Вуруд ба мавзуъ. Рӯзи 30 майи соли равон вохӯрии Роҳбари кишвар бо кормандони соҳаи илму маориф баргузор шуд. Дар суханронии худ Сарвари Тоҷикистон дастовардҳо, масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ва боло бурдани тавонмандиҳои Тоҷикистон дар самти илму пажӯҳишро зикр карданд. Ҳамоиши мазкур замоне баргузор гардид, ки дар фазои расонаии байналмилалӣ чолишҳои ҷиддие барои имиҷи кишвар ва мардуми мо шакл гирифтаанд. Аз ин рӯ, густариши тавонмандиҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои афкорсозу имиҷсоз, аз он ҷумла илму пажуҳиш, ҳамчунин, муаррифии бештари дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар дохил ва имрӯзӣ кардани соҳа, ба вижа посухгӯй кардани он ба шароити ҷомеаи иттилоотӣ ба нафъи ҷомеаи мо хоҳад буд. Аҳамияти баргузории дидори мазкурро метавон чунин асоснок кард:

Якум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоиро дар авлавиятҳои кори худ қарор дода, бахши бузурги буҷаи кишвар барои ниёзмандиҳои ин соҳа масраф мешавад. Соҳаи илму пажӯҳиш барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, ба вижа иҷроӣ кардани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши ҳалкунанда дорад.

Дуюм, идомаи ислоҳоти соҳаи илму пажуҳиш, ки бояд ҳамқадами тамоюлҳои ҷаҳонӣ бошад. Чун дар суханронии худ Сарвари кишвар ҷиддан таъкид карданд, ки давлатҳои пешрафта ин дастовардро дар заминаи рушди илму пажуҳиш ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, дар кишвар низоми санҷиши натиҷанокии фаъолияти илмию пажуҳишӣ роҳандозӣ мегардад, ки як паҳлуи муҳими он интишори осори донишмандони тоҷик дар маҷаллаҳои маъруфи байналмилалӣ аст.

Сеюм, аз мазмуни суханронии Сарвари кишвар бармеояд, ки маблағгузории соҳаи илму пажуҳиш ва маориф дар оянда боз меафзояд. Чун таъкид ба боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар бидуни илму пажуҳиш ва маорифи ҷавобгӯй ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ ғайриимкон аст. Бо афзоиши маблағгузории давлатӣ – талабот ва интизориҳоро аз кормандони ин соҳаҳо низ бештар мекунад, ки як падидаи табиӣ аст.

Дар умум, андешаҳои консептуалӣ дар дидор баён гардиданд, тамоми паҳлуҳои илму пажуҳиши ватанӣ, ба вижа густариши дастовардҳо ва роҳҳои ислоҳи камбудиҳо арзёбӣ шуданд. Дар ҳошияи андешаҳои Роҳбари кишвар тасмим гирифтем, чанд мулоҳизаю пешниҳодро ба таваҷҷуҳи ниҳодҳои ваколатдору масъули давлатӣ ва худи пажуҳишгарони ватанӣ пешкаш кунем. Чун дар ин марҳила худи далели баргузории дидор ва таҳлилу андешаҳои баёнгардида, ҳар фардеро, ки дилаш ба соҳаи илму пажӯҳиши кишвар месӯзад, бетараф гузошта наметавонад. Аз ин дидгоҳ, андешаҳои зер мавқеи муаллифон буда, танҳо ба хотири пешрафти илму пажуҳиш дар кишвар баён мегарданд.

I. Нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи низоми Scopus ва Web of Science

Як рукни муҳими эътирофи илму пажуҳиш дар арсаи байналмилалӣ нашри осор дар маҷалла ва нашриёти маъруф мебошад. Агар чунин раддабандии ниҳодҳои илмию таълимии кишвар таҳия гардад, пас ба эҳтимоли зиёд аз рӯйи шумораи нашри мақолаҳо дар маҷаллаю нашриёти дар рӯйхати Scopus ва Web of Science буда, пажуҳишгоҳҳои самти илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи АМИТ, факултаҳои илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи ДМТ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мақоми баландро касб мекунанд, чун ҳамасола аз ҷониби кормандони онҳо чунин мақолаҳо зиёд ба нашр мерасанд.

Дар “Раддабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи сатҳи фаъолмандии илмию пажуҳишӣ” , ки аз тарафи Бунёди миллии илмии ИМА таҳия мешавад, Тоҷикистон дар соли 2019 дар байни 197 кишвар дар ҷойи 140 аст. Дар ин раддабандӣ Қазоқистон дар зинаи 61, Ӯзбекистон дар мақоми 99, Қирғизистон дар ҷойи 126 ва Туркманистон дар ҷойи 188 қарор доранд.

Мувофиқи нишондоди пойгоҳи SCImago Journal & Country Rank, ки онро дар асоси таҳлили маълумоти пойгоҳи Scopus (Elsevier BV) анҷом медиҳад, дар раддабандии кишварҳо аз рӯйи мақолаҳои илмӣ барои солҳои 1996-2023 Тоҷикистон бо нашри 3336 мақола дар ҷойи 147 қарор дорад. Дар ҷадвали зер нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар пойгоҳи мазкур дар 6 соли охир оварда мешавад.

Солҳо201820192020202120222023
Мавқеъ дар раддабанӣ149140138140148142
Миқдори мақола163244359333285345
Мақолаҳои иқтибосшуда151239345317272331
Миқдори иқтибосҳо1666474432451859760183
Худиқтибоскунӣ2443034242167620
Адади миёнаи иқтибоси ҳар мақола10,2219,449,045,582,670,53

Агар ба мавзуъ бархӯрди қадимӣ кунему ба натиҷаҳои ин раддабандиҳо аҳамият надиҳем, такмили соҳа сурат намегирад Зеро агар ҳар чи зудтар ба ин раддабандиҳо таваҷҷуҳ шавад, фурсат барои дидани худ дар назди оина имконпазир мегирдад.

Барои беҳтар кардани ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои мазкур роҳандозии чораҳои систематик лозиманд, ки ба ду омили зерин вобаста аст: якум, эҷоди шароит ва ангеза додан (ҳавасманд кардан)-и олимону пажуҳишгарон аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишӣ (таҷрибаи ҳавасмандкунии муаллифони мақолаҳои пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science дар баъзе донишгоҳҳо ба мушоҳида мерасад); дуюм, омодагии касбии худи олимону пажуҳишгарон, яъне то куҷо тавонмандиҳои онҳо ба таҳияи чунин мақолаҳо мерасад.

Аслан маҷаллаҳои пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science ду навъ мешаванд: маҷаллаҳои низоми анъанавӣ ва дастрасии озод (Open access). Маҷаллаҳои анъанавӣ барои нашри мақола аз муаллифон пул намегиранд, вале барои дастрасӣ ба мақолаҳои нашршуда аз хонанда пардохти муайянро талаб мекунанд. Дар ин ҳолат муаллифи мақола хароҷот надорад. Маҷаллаҳое, ки дар дастрасии озод ҳастанд,барои чопи мақола вобаста ба соҳа ва нуфузи маҷалла пардохти гуногунро талаб мекунанд (ба ҳисоби миёна 2-4 ҳазор доллари ИМА). Ин хароҷот барои таҳрир, ба нашр омода кардан, интишор, ҷойгир кардан дар низомҳои иқтибосотӣ ва нигоҳдории мақола дар интернет зарур аст. Дар шароити Тоҷикистон нашри мақола дар маҷаллаҳои низоми дастрасии озод кори душвор аст ва шояд шумори андаки олимону пажӯҳишгарон омода бошанд, ки барои нашри як мақола аз 2 то 4 ҳазор доллари ИМА сарф кунанд.

Ҳамзамон, таҷрибаи маҷаллаҳои низоми дастрасии озод набояд бо чопи мақолаҳои пулакӣ омехта кунем. Чун имрӯзҳо ширкату созмонҳое зиёде ҳастанд, ки ҳақмузди муайянро аз довталаб гирифта, барои ӯ мақола менависанд ва онро дар ягон маҷалла ба нашр мерасонанд.

Аҳамияти афзоиши мақолаҳои олимони кишвар дар пойгоҳҳои Scopus ва Web of Science-ро имрӯзҳо ҳама дарк мекунанд, чун барои боло рафтани ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалии соҳавӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, чунин тавсияҳоро пешкаш мекунем:

1. Таҳияи номгуйи маҷалла ва интишороти тавсияшавандаи пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Лозим ба назар мерасад, ки ниҳодҳои ваколатдори соҳа номгуйи маҷалла ва интишоротро вобаста ба тартиби ҷойгиршавиашон дар квартилҳои муайяни пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus (ё аз рӯи квартил Q, импакт фактор IF, CiteScore ва SJR) тартиб дода, ба пажуҳишгарони ватанӣ тавсия диҳанд, ки ба доми фиреб наафтанд. Чунки дар кишварҳои пасошуравӣ нашри мақолаҳо дар чунин маҷаллаҳо ба тиҷорат табдил ёфта, як мақола аз $700 то $2500 нарх дорад. Чанд сол пеш олимони Ӯзбекистон аз рӯйи нашри мақолаҳо дар интишороти қалбакии Web of Science ва Scopus яъне, маҷаллаҳое, ки пештар дар ин пойгоҳ буданд ва барои риоя накардани талабот аз он берун карда шудаанд, пешсафӣ доштанд (мавзуи нашри мақолаҳо дар нашрияҳои қалбакӣ, “пирӯзӣ” дар озмунҳои қалбакии илмӣ ва ҷоизаву медалу унвонҳои қалбакӣ додану гирифтан алоҳида баррасӣ мешавад).

2. Роҳандозии низоми миллии ҳавасманд кардан барои чопи осор дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Арзёбии мавзуъ нишон медиҳад, ки набудани ҳавасмандии олиму пажуҳишгарон як унсари боздоранда таҳия нагаштани мақолаҳо барои интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus будааст. Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои дигар ду тартиби ҳавасмандкуниро пешниҳод кардан мумкин аст:

Якум, ҳар муассисаи илмию пажуҳишӣ ва таълимӣ бунёди умумии маблағҳоро барои равияҳои табиатшиносию дақиқ ва ҷомеашиносию гуманитарӣ эълон мекунад. Ҳаҷми маблағҳо барои равияи табиатшиносию дақиқ бояд як маротиба аз ҷомеашиносию гуманитарӣ бештар бошад, чун дар риштаи аввал ҳамасола мақолаҳо зиёд ба нашр мерасанд. Дар охири сол дар асоси далели нашри чунин мақола маблағҳои бунёди эълоншуда баробар тақсим мешаванд (барои мисол: агар бунёди маблағҳо 50 ҳазор сомонӣ бошаду 10 мақола ба нашр расанд, пас барои ҳар мақола 5 ҳазорӣ пардохта мешавад, агар мақолае нашр нагардад, пас маблағ дар ҳисоби муассиса боқӣ мемонад). Мушкили асосӣ дар равияи ҷомеашиносию гуманитарӣ ба мушоҳида мерасад, чунки аксари кулли кормандони ниҳодҳои илмию пажуҳишӣ ва таълимӣ чунин интишоротро дар пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus надоранд. Дуюм, бо қабули санади дахлдор муайян кардани ҳаҷми ҳавасмандкунӣ дар асоси нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар асоси далели нашри мақола аз ҷониби муассисаи илмию пажуҳишӣ ё таълимӣ, ки муаллиф дар он фаъолият мекунад, пардохта мешавад. Масалан, Донишгоҳи миллӣ барои кормандони худ, ки дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus мақола чоп мекунанд, 3000 сомонӣ подош медиҳад. Агар бо қабули санади дахлдор барои нашри чунин мақолаҳо на кам аз 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаққи қалам пешбинӣ шавад, ангезаи ҷиддие барои муаллифону хоҳишмандон мегардид. Ҳамчунин, подоши ҳавасмандиро метавон вобаста ба квартили маҷалла, саҳми муаллиф дар мақола ва ё муаллифи масъули нашр будан (автор-корреспондент) каму зиёд кард (масалан, барои нашри мақола дар маҷаллаи Q1 10000 с, Q2 6000 с, Q3 4000 с ва ғайра).

3. Баргузории давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои аз худ кардани тарзи навиштани мақола дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus. Дар кишвар муаллифони мақолаҳое ҳастанд, ки дар равияҳои табиатшиносию дақиқ ва ҷомеашиносию гуманитарӣ осори худро дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus чоп кардаанд. Агар чунин курсҳои амалии омӯзишӣ баргузор гарданд ва дар натиҷаи онҳо ҳамаи иштирокдорон як мақола аз рӯйи меъёрҳои талабмешудаи пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus таҳия кунанд, барои афзудани теъдоди мақолаҳо ва муаллифон сабаб мегардид.

4. Ворид кардани тағйиру иловаҳо ба низомномаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ҳамчунин, тартиби сазоворсозӣ бо унвонҳои илмӣ. Аз унвонҷӯёни дараҷаҳои номзад ва доктори илм (ва ҳамчунин унвонҷӯёни баробар ба ин дараҷаҳо), довталабони унвони дотсент, профессор ва академик талаб гардад, ки дар нашрияҳои бонуфузи дар руйхати Scopus ва Web of Science мақолаҳо дошта бошанд. Ин тартиб барои ҳамаи довталабони дараҷа ва унвонҳои илмӣ бояд ҳатмӣ бошад. Агар олим ё пажуҳишгаре чунин мақола дорад, бояд ба вай унвони дотсент ва профессор ба осонӣ дода шавад. Роҳандозии чунин талабот, теъдоди довталабони дараҷа ва унвони илмиро ба маротиб кам мекунад. Ба тадриҷ гузариш аз миқдор ба сифат сурат мегирад. (Барои мисол аз кишварҳои пасошӯравӣ: Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав, ки худаш ҳуқуқи додани дипломҳои номзадӣ ва докториро дорад, аз довталабони дараҷаҳо талаб мекунад, ки миқдори муайяни мақолаҳо дар маҷаллаҳои рӯйхати Web of Science ва Scopus нашр шуда бошанд. Ин яке аз сабабҳои боэътибор ҳисоб шудани дипломҳои ин донишгоҳ аст).

5. Додани дараҷаи илмӣ дар асоси пажуҳиш ва интишорот дар маҷаллаҳои бонуфуз. Дар замони Шӯравӣ таҷрибае вуҷуд дошт, ки барои таҳқиқоти арзишманд ва бунёдӣ бе ҳимояи рисолаи илмӣ низ дараҷаи илмӣ дода мешуд. Соли 2021 дар Русия низ қароре (Қарори Ҳукумати ФР аз 20 марти соли 2021, № 426) ба тасвиб расид, ки мувофиқи он довталаби дараҷаи докторӣ дар ҳолати доштани 30 мақола дар давоми 10 соли охир дар маҷаллаҳои квартили як ва ду барои соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ, техникӣ, аграрӣ ва тиббӣ танҳо бо маъруза метавонад соҳиби дараҷаи илмӣ гардад. Ин нишондиҳанда барои фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ бошад 50 мақола дар маҷаллаҳои квартили як, ду ва се мебошад. Ҷорӣ кардани ин таҷриба ба олимони пурмаҳсул имкон медиҳад, ки вақти худро барои навиштани рисола, омода кардани ҳуҷҷатҳои зиёд ва монеаҳои гуногуни идорӣ сарф накарда, соҳиби дараҷаи илмӣ гарданд ва аз раванди пажуҳиш дур намонанд.

Ҳамчунин, барои афзоиши теъдоди мақолаҳо дар пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus густариши ҳамкориҳои олимони ватанӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ ва воридгардии маҷаллаҳои ватанӣ ба ин низомҳо метавонад мусоидат кунад, ки дар поён шарҳ медиҳем.

II. Роҳандозии “Низоми миллии шохиси интишороти илмию пажуҳишӣ”

Барои муаррифии асарҳои илмӣ ва пешгирии сирқат ва асардуздӣ аз ҷониби ниҳодҳои ваколатдори соҳа “Низоми миллии шохиси интишороти илмию пажуҳишӣ” роҳандозӣ гардад. Роҳандозии чунин низом кори мушкил аст, вале имкон дорад бо ҷалби маблағгузорӣ ва мадади молиявию техникии шарикони рушд амалӣ шавад. Чунки як рукни муҳими таъмини амнияти миллӣ ба шумор меравад. Агар дар марҳилаи кунунӣ имкони роҳандозии чунин низом мавҷуд набошад, ҳадди аққал тавассути шартнома бо низомҳои мавҷудаи шохисӣ дар дохили онҳо барои давраи муайян таъсис додани низоми тоҷикистонӣ ҳам аз аҳамият холӣ нест. Баъди шаклгирӣ ва фаъолияти устувори он – дар шакли алоҳида роҳандозӣ кардан мумкин аст. Агар ба таври доимӣ дар низоми хориҷӣ бимонад (ҳоло олимони тоҷик ба таври густарда асосан дар РИНЦ ҳузур доранд), осебпазириҳо пайдо мешаванд ва илму пажуҳиши ватаниро дар ҳолати вобастагӣ қарор медиҳад.

Ҳамзамон зарурати ҷиддӣ барои раддабандӣ кардани маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии атестатсионии кишвар вуҷуд дорад, то маҷаллаҳои босифат бартарӣ пайдо кунанду маҷаллаҳои зинаи поёнӣ барои беҳтар шудани сифати мӯҳтавояшон кӯшиш кунанд. Ин таҷриба, дар ҳама низомҳои илмсанҷӣ вуҷуд дорад. Масалан, будани квартилҳо дар пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus, инчунин, мавҷудияти рӯйхати маҷаллаҳое, ки “ҳастаи РИНЦ”-ро ташкил медиҳанд (1155 маҷалла аз байни 5801). Дар Русия як рӯйхати дигари маҷаллаҳои бонуфуз низ ҳаст, ки RSCI (Russian Science Citation Index) номида мешавад, ки ба он аз 5800 маҷаллаи рӯйхати РИНЦ ҳамагӣ 944 маҷалла ворид мешавад (ба ҳолати 2022). Аз ин рӯ, агар ин низом таҳия гардад, як қадами дигари ҷиддӣ барои пешрафти илму пажуҳиши кишвар мешуд, чун пойгоҳ барои илмсанҷӣ ба вуҷуд меомад.

Ҳамчунин, лозим ба назар мерасад, ки ба таври доимӣ муҳтавои маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА санҷида шуда, маҷаллаҳои ба талабот ҷавобгӯй набуда, аз рӯйхат берун карда шаванд. Масалан, танҳо дар соли 2017 РИНЦ 344 маҷалларо аз рӯйхати худ берун карда буд. Агар маҷаллаҳои илмии ватаниро бо чунин интишороти кишварҳои ҳамсоя муқоиса кунем, маълум мегардад, ки вазъи онҳо хароб аст ва ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд (дар ин бора нигаред ба банди IV).

III. Такмили тарбити ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ

Тоҷикистон охирон кишваре дар паҳнои собиқ Шӯравӣ буд, ки низоми миллии омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмиро роҳандозӣ кард. Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ Комиссияҳои олии аттестатсионии худро ҳануз соли 1992 таъсис дода шуда буданд. Яъне, то 17 апрели соли 2017 — оғози фаъолияти аввалин Шурои ҳимояи рисолаҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Садриддин Айнӣ – Тоҷикистон дар низоми Русия боқӣ монд. Баъди таъсиси КОА ва шуроҳои миллии ҳимояи рисолаҳо тағйиру иловаҳо ва такмили низоми миллии омодасозӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ сурат гирифт. Аз ин рӯ, мо бояд беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳониро омӯзем ва аз дастовардҳои онҳо барои такмили низоми миллии омодасозию аттестатсияи кадрҳои илмӣ, ҳамчунин барои шаклгирии таҷрибаи вижаи ватанӣ васеъ истифода кунем. Аз ин рӯ, чунин пешниҳоду мулоҳизаҳоро пешкаш мекунем:

1. Дарсҳои фарҳанги илмӣ ва тартиби омодасозии мақолаҳо барои нашр. Роҳандозии дарси вижа барои навиштани мақолаи илмӣ ва мувофиқсозии онҳо ба талаботи маҷаллаҳо, риояи фарҳанги илмӣ ва истифодаи дуруст аз манбаҳои илмсанҷиву низомҳои иқтибосоварӣ дар зинаи аспирантура ва докторантура бояд ҳатмӣ шавад. Ин кор имкон медиҳад, ки довталабони дараҷаҳои илмӣ огоҳона ба навиштани рисола ва мақолаҳои илмӣ пардохта, ба тақаллуб ё сирқат роҳ надиҳанд. Ҳамчунин, навиштаҳои худро аз рӯйи стандартҳои пазируфташудаи ҷаҳонии илм омода кунанд.

2. Шаффофияти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ. Барои таъмини шаффофияти ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз Шуроҳои диссертатсионии дар кишвар амалкунанда талаб шавад, ки рафти кори худро дар шабакаи Ютуб ё портали махсуси миллӣ зинда пахш кунанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқ ба қонунгузории амалкунанда ҳимоя рисола бояд пӯшида сурат гирад) ва ин навор ба мӯҳлати муайян (3–5 сол) дастраси омма бошад. Ин иқдом масъулияти муассисаҳои пажӯҳишию таълимӣ, Шуроҳои диссертатсионӣ, муассисаҳои пешбар, муқарризон, роҳбарони илмӣ ва худи унвонҷӯёнро баланд мекунад. Бояд гуфт, ки анҷом додани пахши зинда кори мушкил нест, чун бо як телефони ба интернет пайваст, штатив ва микрофон имконпазир аст (хабарнигорони ватанӣ танҳо бо як телефон имрӯзҳо пахши зиндаи нишастҳои матбуотӣ ва дигар ҳамоишҳоро роҳандозӣ мекунанд).

3. Таҳияи автореферати рисолаҳо ба забонҳои тоҷикӣ (ҳамчунин, алифбои форсӣ), англисӣ ва русӣ. Имрӯз мувофиқи тартиби мавҷуда, унвонҷӯёни дараҷаи номзад ва доктори илм автореферати рисолаи худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода мекунанд. Барои муаррифии бештари дастовардҳои илмию пажуҳишии кишвар лозим ба назар мерасад, ки омодасозии автореферат ба забони англисӣ (ғайрирасмӣ забони илми муосир – забони англисӣ аст) ва алифбои форсӣ ҳатмӣ шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳамгироии бештари илми кишвар бо ҷомеаи ҷаҳонии пажӯҳиш ва илм сурат гирад, ҳамчунин, масъулиятшиносии унвонҷӯёну роҳбарони илмӣ, муқарризону шуроҳои ҳимояи рисолаҳо ба маротиб ҷиддӣ мегардад.

4. Васеъсозии ҷуғрофиёи паҳни авторефератҳои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ. Имрузҳо авторефератҳои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ба муассисаҳои пажуҳишию таълимии дохил ва хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Лозим ба назар мерасад, ки рисолаҳо ба таври комил ба ҳамаи муассисаҳои ватанӣ, китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, инчунин ба муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии давлатҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва пажӯҳиш ба имзо расонидааст, фиристода шавад. Ин иқдом агар дуҷониба шавад, имкон медиҳад, ки аз он кишварҳо низ ба Китобхонаи миллӣ авторефератҳо ирсол шаванд.

5. Омодагии КОА, шӯроҳои диссератсионӣ ва масъулин ба матнҳои навиштаи ҳуши маснуӣ. Мо дар замони пешрафти фавқуллодаи фановариҳои муосир зиндагӣ мекунем ва равандҳои чанд соли охир нишон доданд, ки ҳуши маснуӣ метавонад бе мушкили матни илмӣ таҳия кунад. Чанде пеш КОА хабар дода буд, ки барои санҷиши асолати матни диссертатсия модули “Тарҷума”-ро низ фаъол кардаанд, ки як қадами дигари муҳим барои пешгирӣ аз сирқат мебошад, зеро баъзе муаллифон матнҳоро аз забонҳои дигар тарҷума мекарданд. Чолишҳое, ки ҳуши маснуӣ меофарад, бузургтар аз сирқат аст. Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки барномаҳои муайянкунандаи матни навиштаи ҳуши маснуӣ харидорӣ ё таҳия шаванд. Инчунин, роҳбарони шӯроҳои диссертатсионӣ, котибони шӯроҳо ва муқарризону экспертҳои КОА раванди шиносоии матни инсониро аз барномаӣ аз худ кунанд. Ҳамзамон, ба мушоҳида мерасад, ки баъзе донишҷӯён ва магистрантон рисолаи хатми худро тариқи ҳуши маснуӣ таҳия мекунанд. Бинобар ин, лозим ба назар мерасад, ки ба ин самт низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ шавад, то донишомӯзон аз ин падидаи манфӣ дур шаванд.

6. Ҳатмӣ шудани нашри мақолаҳои илмӣ дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus барои унвонҷӯёни дараҷа ва унвонҳои илмӣ. Як шарти роҳ додан ба ҳимояи рисолаи номзадӣ (ва унвонҷӯёни дараҷаи баробар ба ин) дар равияи табиатшиносию дақиқ нашри ду мақолаи илмӣ ва барои равияи ҷомеашиносию гуманитарӣ як мақолаи илмӣ дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus муайян шавад. Барои роҳ додан ба ҳимояи рисолаи докторӣ (ва унвонҷӯёни дараҷаи баробар ба ин) дар равияи табиатшиносию дақиқ нашри панҷ мақолаи илмӣ ва барои равияҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ се мақолаи илмӣ дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus бояд бошад.Барои додани унвони дотсент дар равияи табиатшиносию дақиқ 5 мақолаи илмӣ, барои равияи ҷомеашиносию гуманитарӣ 3 мақолаи илмӣ, барои додани унвони профессор дар равияи табиатшиносию дақиқ 10 мақолаи илмӣ, барои равияи ҷомеашиносию гуманитарӣ 7 мақолаи илмӣ дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus бояд ҳатмӣ шавад. Ҳамзамон, роҳандозии атестатсияи кадрҳои илмӣ ва додани муҳлат ба дотсентон ва профессорон барои нашри мақолаҳои илмӣ дар интишороти пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus аз аҳамият холӣ нест.

IV. Беҳтарсозии муҳтавои маҷаллаҳои илмии кишвар

Арзёбии муҳтавои маҷаллаҳои илмии кишвар нишон медиҳанд, ки аксари мақолаҳо арзиши назариявӣ ва амалӣ надоранд, бидуни сохтори пазируфташуда таҳия мегарданд ва аксар ҳолат “гӯристони иқтибос” ҳастанд. Ин вазъ такмили ҷиддиро талаб мекунад ва чунин мулоҳизаҳо пешкаш мешаванд:

1. Риояи ҳатмии сохтори ИМРАД (IMRaD — Introduction – Methods – Results – and – Discussion). КОА зимни ба номгуйи интишороти тавсияшаванда ворид кардани маҷаллаҳо ва бозрасии интишороти аллакай воридабуда — қатъан талаб кунад, ки мақолаҳо аз рӯйи сохтори ИМРАД таҳия шаванд. Иқдоми мазкур барои сифатан беҳтар шудани мақолаҳо ва барои боло рафтани маҳорати матни илмӣ навиштани муаллифон сабаб мегардад. Имрӯз дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ мақолаҳо бидуни сохтор ба нашр мерасанд ва аҳамияти пасти назариявию амалӣ доранд. Агар сохтори ИМРАД ба таври ҳатмӣ риоя гардад, заминасозии ҷиддӣ барои пешрафти пажуҳишҳои илмӣ мешавад ва баъди 5-7 сол муҳтавои илмӣ ватанӣ сифатан дигар мегардад.

2. Манъ гардидани нашри такрор ба такрори мақолаҳо. Таҷрибаи дигари роиҷ дар миёни олимону пажуҳишгарон дар шакли каме дигаргуншуда дар чандин маҷалла нашр кардани як мақола мебошад. Пеши роҳи ин падидаи номатлуб бояд гирифта шавад ва дар ин самт нақши ҳайати таҳририяи маҷалла ва муқарризон калидӣ аст. Албатта, ин ба таҷрибаи нашри матлабҳои таҳлилию дурнамоӣ дахл надорад, чун онҳо аввалан дар шакли фишурда расонаӣ мегарданд ва баъдан дар шакли мақолаи комили илмӣ нашр мешаванд.

3. Эҷоди ҳайати таҳририяи фаъол ва тақризнависии воқеӣ. Таҷрибаи нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои ватанӣ онро равшан мекунад, ки ҳайати таҳририя амалан дар баррасии мақолаҳои барои нашр воридгардида ягон нақш надорад ва танҳо барои ном аст. Аз ин рӯ, эҷоди ҳайати таҳририяи зинда ва фаъолияткунанда ниҳоят муҳим аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки тақризнависӣ дар маҷаллаҳои имлии ватанӣ низ ба мушоҳида намерасад. Аксар ҳолат масъули нашри маҷалла аз муаллифон хоҳиш мекунад, ки худашон як тақриз ба мақола пешниҳод кунанд. Дар ин ҳолат табиист, ки муаллиф аз ҳамкор ё шиноси худ “тақриз” мегирад ва он бидуни эроду пешниҳод аст. Аз ин рӯ, роҳандозии низоми тақризнависии пӯшида лозим аст, то сифати мақолаҳо беҳтар гардад. Аз таҷрибаи нашри мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ ҳаминро гуфта метавонем, ки эроду пешниҳоди муқарриз барои босифат шудани мақола сабаб мешавад ва ҳатман чанд эроди воқеии беҳбудкунандаи кор дида мешавад. Аз ин рӯ, барои босифат шудани мақолаҳои маҷаллаҳои илмӣ – ҷалби мутахассисони бетараф, махсусан аз кишварҳои дигар ба сифати узви ҳайати таҳририя ва муқарризон муҳим аст. Ҳамчунин, ҳар як мақола пеш аз нашр бояд ба ҳадди аққал ду муқарризи анонимӣ равон гарданд ва онҳо ҳатман эроду пешниҳод нависанд ва танҳо баъди гузаштани ин раванд — барои нашр иҷозат дода шавад. Барои роҳандозии ин низом пардохти ҳаққи қалами муқарризон лозим аст.

4. Боло бурдани импакт-фактори маҷаллаҳои илмии кишвар. Вазъи имрӯзаи импакт-фактори маҷаллаҳои илмии кишвар дар сатҳи нигаронкунанда қарор дорад ва як мурур ба сомонаи Elibrary.ru (бо назардошти номнависии бештари олимони ватанӣ) ин нуктаро собит мекунад. Аксари иқтибосҳо аз худи муаллифони ватанӣ асту, олимони хориҷӣ ба таълифоти пажуҳишгарони мо (хосатан дар илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ) таваҷҷуҳ надоранд. Ҳамчунин, раванди иқтисобкунӣ бо маслиҳати пешакӣ низ дида мешавад. Яъне як пажуҳишгар аз осори олими дигар иқтибос мекунад ва ӯ дар ҷавоб чунин амалро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, андешаи хориҷ аз фарҳанги илмӣ будани чунин таҷриба низ бояд шакл гирад.

5. Зарурати сабти маҷаллаҳои илмии ватанӣ дар Web of Science ва Scopus. Лозим ба назар мерасад, ки дар дурнамои кутоҳмуддат барои сабти интишороти ватанӣ дар низоми Web of Science ва Scopus аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Агар маҷаллаҳои муассисаҳои пажуҳишию таълимии ватанӣ дар ин низом ҷойгир бошанд, ин обрую эътибори илми ватаниро боло мебарад. Имрӯз тавонмандиҳои АМИТ, ДМТ, Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи техникӣ барои амалишавии ин иқдом мерасад. Барои мисол Донишгоҳи тиббии Сино тавонист маҷаллаи “Паёми Сино”-ро аз моҳи июли соли 2023 шомили рӯйхати Scopus кунад, ки аввалин ва ягона маҷаллаи илмии ватанӣ дар ин пойгоҳ мебошад. Таҷрибаи мазкур имконпазир будани ин корро ба намоиш мегузорад.

6. Таъсиси курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос бо иштироки намояндагони пойгоҳҳои байналмилалӣ. Намояндагони пойгоҳҳои Web of Science ва Scopus ба таври доимӣ ба масъулони маҷаллаҳое, ки ба рӯйхаташон ворид мешаванд, семинарҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд. Дар ин омӯзишҳо қоидаву усули пешқадами навиштани мақола ва вироиши матнҳоро мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташуда дарс дода мешаванд. Дар як сол як бор барои сармуҳаррирон, котибони масъул ва муҳаррирони асосии маҷаллаҳои илмии кишвар чунин омӯзишҳо бояд баргузор шаванд, ки барои босифат шудани мақолаҳо ва самаранокии кори масъулони асосӣ мусоидат мекунад. Дар шароити имрӯза ин корро тариқи онлайн ва бе харҷи пул ташкил кардан мумкин аст. Масалан, довталабон имкон доранд худро ба дарсҳои ройгони пойгоҳи Scopus номнавис ва баъдан иштирок кунанд. Ҳамаи дарсҳо баъди итмом ба таври озод дар пойгоҳи Scopus гузошта мешаванд ва дилхоҳ нафар онҳоро тамошо карда метавонад.

7. Ҳавасмандсозии муаллифони беҳтарин. Дар маҷаллаҳои хориҷӣ ва интишороти бузургтарини дунё таҷрибаи ҳавасмандсозии муаллифони беҳтарин вуҷуд дорад, ки истифодаи он ба суди маҷаллаҳои илмии кишвар хоҳад буд. Яъне муайян кардани муаллифоне, ки мақолаи зиёд ба нашр расонидаанд ва ҳамчунин, дар давоми сол навиштаҳои илмии онҳо аз ҳама зиёд иқтибос шудаанд. Агар ҷоизаҳои ҳамасола аз тарафаи мақомоти масъулу ваколатдори соҳа барои муаллифони пурмаҳсул ва дорои иқтибоси зиёд роҳандозӣ гардад, омили муҳими пешрафти илм, қадршиносӣ ва рақобати солим миёни олимону пажуҳишгарони ватанӣ мешавад.

Дар умум, беҳтар гардидани сифати маҷалаҳои илмии кишвар ва ворид шудани онҳо ба пойгоҳҳои илмсанҷии байналмиллалӣ имкон медиҳад, ки аз олимону пажуҳишгарони хориҷӣ низ мақолаҳои худро барои нашр фиристанд. Дар ин ҳол метавон дар маҷаллаҳо мақолаҳои низоми дастасиашон озодро роҳандозӣ кард, ки ба хазинаи онҳо пули муайянро меоранд.

V. Пешгирии “фирори мағзҳо” ва бозгашти дубораи пажуҳишгарони ватанӣ

Ҳамаи кишварҳои узви ИДМ ба фирори шадиди мағзҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар Тоҷикистон ин раванд аз рӯзҳои аввали худсолорӣ, бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ то кунун ба мушоҳида мерасад. Имрӯзҳо аз кишвар бинобар сабабу омилҳои гуногун на танҳо олимону пажуҳишгарон, балки пизишкон, омӯзгорон ва дигар мутахассисони соҳибкасб ба хориҷа ба зиндагии доимӣ мераванд. Ҳукумати кишвар дар шаклҳои гуногун неруи инсониро бо умеди ширкати онҳо дар пешрафти соҳаҳои афзалиятноки ватанӣ сармоягузорӣ мекунад, вале бо сабабҳои гуногун ин истеъдодҳо ба хориҷа мераванд. Албатта, муҳоҷирати мағзҳо як раванди табиӣ дар саросари ҷаҳон аст ва кишварҳои пешрафта барномаҳои вижа ва шароити лозимаро барои ҷазби истеъдодҳо ва мутахассисони соҳибкасб роҳандозӣ кардаанд. Аз ин рӯ, гирифтани пеши роҳи “фирори мағзҳо” аз кишвар ва бозгардонидани беҳтарин мутахассисони ватанӣ, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишии давлатҳои пешрафта кору фаъолият доранд, аҳамияти фавқуллода муҳим дорад. Дар ин самт чунин мулоҳизаҳо пешкаш мешаванд:

Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ

1. Таҳияи номгӯйи пурраи олимону пажуҳишгарони зодаи Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд. Ин аввалин коре буда метавонад, ки бояд ниҳодҳои масъулу ваколатдори давлатӣ анҷом диҳанд. Барои ин метавон як сомонаи вижаро роҳандозӣ кард, ки худи дар хориҷи кишвар будаҳо – худро номнавис кунанд ё нафарони ошнои худро ворид созанд. Агар номгӯйи пурраи олимону пажуҳишгарони зодаи Тоҷикистон бо зикри ихтисос, касбу кор, дараҷа ва унвони илмӣ таҳия гардад, захираи қавӣ барои ҳамкориҳои минбаъда мешавад.

2. Ҷалби олимону пажуҳишгарони зодаи Тоҷикистон барои ҳамкориӣ бо муассисаҳои ватанӣ. Густарда кардани иртиботи қавии кории зодагони Тоҷикистон бо ҳамкасбони ватаниашон аз аҳамият холӣ нест. Агар мубодилаи таҷриба сурат гирад, онҳо тариқи онлайн лексия хонанд, бо донишҷуён мулоқот кунанд ва ё олимони ҷавонро барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба озмоишгоҳҳои худ даъват кунанд – як иқдоми ҷиддӣ барои пешрафти илму пажуҳиши ватанӣ мешуд. Ҳамчунин, ҷалби зодагони кишвар барои таҳияи китобҳои дарсӣ ва дигар асарҳои бунёдӣ аз аҳамият холӣ нест. Барои ин эълон кардани бурсияҳо лозим аст, то зодагони Тоҷикистон дар танҳоӣ ва ё якҷо бо олимони ватанӣ консепсияи китобро пешкаш кунанд ва беҳтаринҳо маблағгузорӣ гарданд. Ин иқдом барои густариши ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму пажуҳиш хидмат мекунад ва охирон дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ба донишомӯзони ватанӣ пешкаш мешавад.

3. Қабули барномаи вижаи давлатӣ барои пешгирии фирори мағзҳо ва бозгардонидани онҳо ба ватан. Пажуҳиши мавзуъ нишон медиҳад, ки то имрӯз ягоне аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин барнома надоранд. Барои ояндаи Тоҷикистон ин мавзуъ ниҳоят муҳим аст ва ҳар қадаре пештар ин иқдом амалӣ гардад, ҳамин миқдор ба нафъи соҳаҳои афзалиятноки ватанӣ мешавад.

VI. Рӯйкарди шадид перомуни “дастовард”-ҳои қалбакӣ дар соҳаи пажуҳиш ва таълим

Ҳамасола аз ҷониби муассисаҳои қалбакии илмӣ дар кишварҳои пасошуравӣ бо пардохти ҳақмузд (аз 250 сомонӣ ва боло) ба мақолаҳои олимони кишвар (ҳатто барои мақолаҳои ба забони тоҷикӣ таълифшуда) сертификати “ғолиб”-и озмуни қалбакии илмӣ ё “ҷоизаву медалу унвонҳо” дода мешаванд. Раванди мазкур барои кишвари мо падидаи нав буда, дар панҷ соли охир васеъ ба мушоҳида мерасад. “Ҷоизадор”-у “сертификатдорон” худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мекунанд ва сазовори “таҳсингуйиву арзандахонӣ” мешавад. Ҳатто аз тарафи роҳбарияти муассисаҳои олӣ он “ҷоизаҳо” “тантанавор” дода шуда, дар саҳифаҳои расмии он муассисаҳо ва ҳатто расонаҳо тарғиб мешавад. Барои гирифтани пеши ин раванди номатлуб таваҷҷуҳ ба ин нуктаҳо муҳиманд:

1. Дар фазои пасошӯравӣ академияҳои ҷамъиятии зиёде фаъолият доранд, ки бо пардохти ҳаққи муайян унвонҳо “академик”, “узви пайваста”, “доктор” ва ғайраро медиҳанд. Пеши роҳи чунин ҷоизагирӣ низ гирифта шавад, ҳадди ақал аз ҷониби муассисаҳо ва расонаҳо таблиғ нашавад, чун ин ҳолат амалан масхараи илму пажӯҳиш буда, мардуми моро бо сабаби огаҳ набуданашон гумроҳ мекунанд.

2. Муассисаҳои таълимию пажуҳишии ватанӣ барои таблиғи фаъолият ва дастовардҳои худ ширкати кормандонашонро дар ҳамоишҳои байналмилалӣ расонаӣ мекунанд, ки аслан таҷрибаи мусбат аст. Масъала дар он аст, ки барои кишварҳои ИДМ аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии ин қаламрав чунин ҳамоишҳои илмии қалбакӣ зиёд баргузор мешаванд. Бо пардохти ҳаққмузд сертификати иштирок, нашри мақола дар маҷмуа ва мақоми “мақолаи беҳтарин” (ҳатто барои навиштаҳо бо забони тоҷикӣ) дода мешавад. Муассисаҳои ватанӣ ин ҳамоишу интишоротро дастоварди ҷиддии минтақавӣ ва байналмилалии худ унвон карда, васеъ таблиғ мекунанд. Ҳоло шумораи чунин соҳибони ҷоизаҳои қалбакӣ дар миёни омузгорони мактабҳои олӣ афзудааст. Бояд ба назар гирифт, ки дар ягон ҳамоиши ҷиддии илмии байналмилалӣ барои иштироку суханронӣ додани сертификату диплом пешбинӣ намешавад, танҳо маҷмӯи мақолаву фишурдаи суханрониҳо нашр гардида, дар пойгоҳҳои илмсанҷӣ ҷойгир мешаванд. Ҳатто дар ҳолати нашри мақолаҳо дар маҷмуаҳои илмии қалбакӣ, ки бо пардохти маблағ сурат гирифтааст, баъди гузаштани чанд вақт эҳтимоли зиёди берун кардани онҳо аз пойгоҳҳои илмсанҷӣ ва ба рӯйхати сиёҳ ворид кардани созмондиҳандагони он вуҷуд дорад. Масалан, танҳо дар соли 2018 РИНЦ зиёда аз 6 ҳазор мақоларо ҳазф ва зиёда аз 50 ташкилкунандаи чорабиниҳои қалбакии илмиро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард. Аз ин рӯ, муассисаҳои пажуҳишӣ ва таълимии кишвар пеши роҳи ширкат дар чунин ҳамоишҳо ва интишороти қалбакиро гиранд, чун амалан масхараи илм аст.

3. Лозим ба назар мерасад, ки аз ҷониби КОА ҳамасола дар асоси назарсанҷии мутахассисон рӯйхати сомонаҳо ва созмонҳое, ки бо баргузоркунандаи ҳамоиш, интишорот ва ҷоизадиҳии қалбакӣ машғуданд, тартиб дода, ширкат накарданро тавсия диҳад. Ин иқдом як омили “ҷудо кардани муй аз хамир” гардида, гӯлзанию гумроҳкунии олимони ватаниро ба тадриҷ паст мекунад.

Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика

VII. Ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва истифодаи тавонмандиҳои олимону пажуҳишгарони хориҷӣ дар шаклгирии имиҷи мусбати кишвар

Ҳамкориҳои воқеии илмию пажуҳишӣ ҳам барои пешрафти ин соҳа дар кишвар ва ҳам барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон сабаб мешаванд. Дар ин самт, аз ҷониби ниҳодҳои ваколатдор ва масъули давлатӣ, ба вижа пажуҳишгоҳҳои АМИТ, мактабҳои олӣ ва ниҳодҳои пажуҳишию таҳлилӣ таҳия гардидани номгӯйи олимону пажуҳишгарони кишварҳои хориҷӣ, ки перомуни таърих, тамаддун ва сиёсату иқтисод дар Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон ва умум ҷуғрофиёи форсизабон пажуҳиш доранд, аҳамияти баланди амалӣ дорад. Ҳамин дастурро ба сафаратхонаҳои кишвар дар хориҷ низ додан лозим аст, то онҳо низ чунин номгӯйро тартиб диҳанд. Ҷалб ва истифодаи тавонмандиҳои олимону пажуҳишгарони хориҷӣ ба муаррифии гузаштаи фарҳангӣ ва дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест.

Барои ин роҳандозии ҳамкориҳо ва ҳавасманд кардани онҳо муҳим аст. Чун олимону пажуҳишгарон табиати фитрии то ҷойе “алтруистӣ” ба мавзуъ ва ҷуғрофиёи мавриди назари худ доранд. Густариш додани теъдоди “дӯстони Тоҷикистон” аз ҳисоби олимону пажуҳишгарони хориҷӣ дар ин марҳила кори муҳим мебошад. Дар ин самт чунин мулоҳизаҳо пешкаш мешаванд:

1. Баъди таҳияи номгӯйи олимону пажуҳишгарони хориҷӣ, ки дар бораи Тоҷикистон таҳқиқот мегузаронанд ва назари нек нисбат ба кишвар мо доранд, қадршиносӣ кардани онҳо бо мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ, ҳамчунин, додани унвонҳои фахрии донишгоҳҳо ва академияҳо бисёр муҳим аст. Агар аз ҷониби роҳбарияти ниҳодҳои масъулу ваколатдори давлатӣ чунин қадрдониҳо сурат гиранд, қадами ҷиддӣ барои ба даст овардани “дӯстони Тоҷикистон” мешавад. Арзёбии муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки чунин олимону пажуҳишгарон дар ҳамаи кишварҳои рушдкардаи аврупоӣ, амрикоӣ ва осиёӣ ҳастанд, барои муаррифии таъриху тамаддуни форсии тоҷикӣ хидмати арзанда мекунанд. Нашри осори онҳо ба забони тоҷикӣ дар кишвар ва даъват кардани онҳо ба муаррифии он натиҷаи мусбат метавонад диҳад.

2. Мусоидат ба боздиди олимони хориҷа ба Тоҷикистон. Дар ин самт истифодаи рӯйкард дар се сатҳ муҳим аст: якум, дар сатҳи сафоратхонаҳо, ки пазироии онҳо бояд меҳрубонона бошад, дуюм, дар фурудгоҳ ва дигар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон, ки тасаввуроти усулиро дар бораи кишвар шакл медиҳад; сеюм, дар худи муассисаҳои пажуҳишӣ ва таълимии кишвар, ки агар ривояти мо “бидуни таҳмил кардан” ба онҳо муаррифӣ гардад, дар осори худ истифода мекунанд. Як қадами муҳим дар шакли низоми содашуда ва зуд додани раводиди кишвар ё роҳандозии раводиди вижа бо муҳлати зиёд ба шахсони барҷастаи соҳаи илм, санъат, ҳунару тиҷорат ва варзиш буда метавонад, ки рӯйкарди ватаниро систематик мекунад.

3. Бахшҳои ҳамкориҳои байналмилалии ниҳодҳои пажуҳишӣ ва таълимӣ бо олимону пажуҳишгарони хориҷӣ равобити кориро бояд ба роҳ монанд. Бештар даъват кардани онҳо ба ҳамоишҳои илмию таҳлилӣ дар муассисаҳои ватанӣ бисёр муҳим аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамеша барои сафари онҳо ба Тоҷикистон пардохти маблағ зарур аст. Чун агар мактуби даъват барвақт фиристода шавад, муассисаҳои онҳо маблағи махсус барои чунин сафарҳо доранд ё дар он кишварҳо фондҳое фаъолият доранд, ки чунин сафарҳоро сармоягузорӣ мекунанд.

4. Ба муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишии кишвар дастур дода шавад, ки лоиҳаҳои якҷояи пажуҳишию илмиро бо ҳамтоёни хориҷии худ роҳандозӣ кунанд. Чунки имрӯз дар дунё фондҳои зиёде барои анҷоми чунин пажуҳишҳо маблағ медиҳанд ва истифода аз ин имкон ба мақсад мувофиқ мебошад. Шарти муҳими анҷоми чунин ҳамкориҳо мутақобила будани он аст, то комилан ривояти кишвари хориҷиро инъикос накунад.

5. Арзёбии муҳити илмию пажуҳишии кишварҳои рушдкардаи аврупоӣ, амрикоӣ ва осиёӣ нишон медиҳад, ки онҷо “озодии академикӣ” ба таври васеъ таъмин аст. Аз ин рӯ, онҳо дар доираи одобӣ академикӣ дар баҳогузориҳои худ комилан озод мебошанд. Бинобар ин, аз даъват кардани олимону пажуҳишгарони кишварҳои рушдкардаи аврупоӣ, амрикоӣ ва осиёӣ, ки дар ҷойе Тоҷикистонро танқид кардаанд, набояд ҳаросид. Чун агар солҳои зиёд ба Тоҷикистон имкони омаданро надошта бошанд, “тундӣ”-и бештарро нисбат ба кишвари мо дар худ шакл медиҳанд. Баръакс, даъвати онҳо ба Тоҷикистон барои муътадил гардидани дидгоҳҳояшон метавонад мусоидат кунад.

Дар фарҷоми навишта бояд гуфт, ки рукни муҳими рушди илм ва пажӯҳиш дар кишвар ин таъмини озодии академикӣ аст, то олимони ватанӣ бо ҳамкасбони хориҷии худ иртиботи васеъро ба роҳ монанд, мубодилаи афкор кунанд ва дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бидуни “маҳдудияти дафтарӣ” ширкат кунанд. Бидуни риояи озодии академикӣ расидан ба пешрафти илму пажӯҳиш мушкил мебошад. Ҳамзамон, Сарвари кишвар дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи илму маориф даъват ба амал оварданд, ки дар баррасии мавзуъ ва масъалаҳои мавҷуда бетараф набошанд ва саҳми худро гузоранд. Ҳамин даъват худ як замина барои густариши озодӣ ва уҳдадориҳои академикӣ аст, то пажуҳишгарони ватанӣ аз равандҳо ва масъалаҳои мавҷуда худро ба канор нагиранд, худсолорӣ ва манфиатҳои миллиро ҳимоя кунанд.

Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ

Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика

Манбаъи нашр: Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» №23 (1586), 5 июни 2024, №24 (1587), 12 июни 2024


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *