Ислом Каримов мурд

Ахиран торномаи муътабари хабарии  Reuters дар такя бо се манобеи мӯътамад бо итминони комил аз  даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод.Ба ахбори Reuters яке аз дипломатҳои машҳури Ӯзбакистон ба суоли « Ислом Каримов воқеан ҳам вафот кардааст?», хабарӣ гуфтааст, ки «бале, ӯ мурд».

Аз ин пештар кобинаи вазирони Узбакистон аз шадид шудани вазъи Ислом Каримов иттилоъ дода буд. Чунончӣ Gazeta.uz навиштааст:  «дар иттилоияи кобинаи вазирон дар робита ба вазъи Каримов аз ҷумла омадааст: Ҳамватанони гиромӣ, бо андуҳи гарон аз қалб хабар медиҳем, ки дар шаборӯзи гузашта дар вазъи саломатии президентамон тағйироти манфӣ рух дод. Ба қавли табибон он ҳамчун вазъи шадид баҳогузорӣ мешавад».

Кабинаи вазирон ин хабаро субҳ дар ҳоле нашр кардааст, ки бархе аз расонаҳо, аз ҷумла пойгоҳи хабарии Фарғона.ру ва бахши узбекии радиои Озодӣ шоми дирӯз аз омодагиҳо ба ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд хабар доданд. Хабаргузории Ройтерз бо такя ба манобеи худ навиштааст, интизор меравад ҷанозаи Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр эълон карда шавад.

Ба навиштаи расонаҳо Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе вориди Самарқанд шудааст ва омодагиҳои лозимро барои ҷанозаи Ислом Каримов мегирад.

Дирӯз шабакаи ТВ «Центр»-и Русия иттилоъ дод, ки гуруҳи вижае аз табибони саршиноси Институти ҷарроҳии асаби Бурденкои Маскав барои табобати Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ба ин кишвар сафар кардаанд. Сафари ин ҳайати табибони барҷастаи Русия дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали бемории Ислом Каримов Лео Бокерия ҷарроҳи қалб ва аз пизишкони саршиноси ин ришта дар Русия барои муроқибат аз Ислом Каримов ба Узбакистон омада буд.

Ислом Каримов 78 сол дошт ва аз соли 1989 зимоми раҳбарии Узбакистон, кишвари истротежики Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад. 29 август ҳукумати Узбакистон аз беморӣ ва бистарӣ шудани Каримов дар бемористон иттилоъ дода буд.

Духтари Ислом Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, ки яке аз меросбарони эҳтимолии ҳукумати падараш дониста мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, падараш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро муътадили вазнин медонанд. Дар пайи ин иттилоъ пойгоҳи хабарии Фарғона рӯзи дигар иттилоъ нашр намуд, ки Ислом Каримов даргузашт.

Баъдтар расонаҳои русӣ бо нақл аз манобеи худ дар ҳукумати Узбакистон ин иттилоъро бепоя хонданд. Аммо ҳукумати ин кишвар ва дафтари матбуоти Ислом Каримов то кунун ҳозир нашудаанд гузориши расмӣ дар бораи вазъи саломатии ӯро нашр кунанд ва ё вазъи феълии ӯро ба расона шарҳ бидиҳанд.

Дар ҳамин асно торномаи  «Фарғона» дар саҳфаи «Аксҳои гӯё»- яш аксҳоеро интишор намудааст,аз омодагии баргузории ҷанозаи Юрбошӣ  дар Самарқанд инъикосгар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *